Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— То сухани шумо шикастана гардани шайтон шиканад, хоҷасаройи бузург. Шумо гуфтед «гунаҳгор ҳастӣ», иқрор мекунам, ки гунаҳгорам. Гунаҳгорам дар назди падар, дар назди шумо...
— Офарин! – садо дардод Боҳуй ва ба шоҳ рў овард: – Шоҳи аъзам, ҳеҷ яке аз писарони шумо чунин ақлу тамизро надорад, ки Ох дорад. Баройи он ки сухани шоҳу вазир нашиканад, гардани хеш дами шамшер мегузорад. Агар дигар шоҳзода будӣ, ё гирён шудӣ пеши падар ва ё ноз кардӣ. Агарчӣ гунаҳгор аст, ҳазор савганд хўрдӣ бардурўғ ва ё тўҳмат задӣ бар дигарон. Ох, ки ғофил монда ва аз кушандайи тифл огоҳ нагашта, ҳозир аст, ки гуноҳро ба гардани хеш гирад...
Шоҳ хомўш буд, то Ох чӣ гўяд. Ох як маром меистод ва сар боло намекард, ки сари хамро набурад шамшер. Ҳарчанд танаш дар ларза буд, ҷон мегирифт аз пуштибонийи вазир Боҳуй.

БаНди ДУВВУМ

Шаборўз Ох дар андеша буд, ки чун вохўрад бо хоҷасаройи бузург, то донад сабаби некиҳояшро. Хоҷасарой низ дар фикри пазиройӣ буд бо Ох, аммо қасдан намехост рух намояд. Танобро дароз андохта буд, ҳар гоҳ хоҳад, метавонист бикашад. Зеро Ох шармсор ва забонкўтаҳ аст назди ў. Аҷаб, ки Ох ҳар зараргорро бад медид, кина мегирифт ва аз пайи нобудйи ў мегашт, аммо ба вазир Боҳуй кина нагирифт, балки ба андеша рафт, то зери коса чӣ нимкосае бошад... Ў дигар аз пайи нобуд сохтани бародарон нест, зеро гумон дорад, ки Боҳуй аз паси ҳар буттаву сангу харсанг, гўшаву буна менигарад ва пайгир аст, ҷосусӣ дорад, то сари ҷиноят дастгир кунад. Шояд Аровандрўд халалгор шуд, ки Боҳуй ба мақсади хеш бирасад: «Хоҷасарой баройи он даъво накард, ки ман «тўҳмат» мехонам ва падар тарафгир мешавад писарро, муттаҳам мегардад вазир». Ҳоло мехоҳад маро чунон дастгир кунад, ки ҷунбида натавонам...»
Хоҷасаройро пайдо кардани Ох душвор набуд: манзилу маконашро медонист, бо чунин андеша намерафт, ки Боҳуйро итоаткор набошад. Гирди ҳараму саҳни диж мегашт, аз тасодуф дучор ояд вазирро. Вале паси девори ҳарам дучор омад девонаро, ки чун сагу сагбачча андар сояи сарв дароз кашида буданд ва яке синаи дигареро мемакид. Онҳо бародараш шоҳзодайи беақл ва шоҳзан Мино буданд. Ох хешро гум кард, ки яқин дунё охир шуда, зеро бародари беақли ў, ки бузургтар аз мойиндар аст, синайи ўро мемакад, ки раво нест. Ох медонад, ки дар он замон хоҳарро ба занӣ гирифтани бародар расм аст, чунон ки аз замони Ҳазрати Одам, вале синайи мойиндарро макидани писарандари аз мойиндар бузургро касе надида. Аз ин рў ҳайратзада менигарад сўйи эшон ва намедонад чӣ бикунад. Гуноҳи ў кабира аст ва ё гуноҳе, ки эшон доранд.

пешина
аз 390
навбатӣ