Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ох яқин кард, сабабе пайдо шуд баройи назди хоҷаройи бузург рафтан. Шитофт, то вазири дарборро зуд пайдо кунад. Назди пардадори пурриш омад, пурсон шуд аз хоҷасарой.
Ҳоҷиб посух дод надида вазирро. Бозгашт, бори дигар нигарист ба мойиндару бародари ақлбохта. Эшон дар он ҳол буданд. Хун зад ба сари Ох. Намедонист чӣ кор бикунад. Биравад назди шоҳ ё аввал вазири доноро пайдо карда таъбири рафторро дарёбад.
— Чаро дар Кўшки Гардон нестӣ, Ох?! – садо омад аз паси сари ў ва бозмонд дар ҷояш. Дергоҳ рў нагардонд, ки андешааш дуруст баромад: вазири ҳиллагар аз пайи ўст. Вале сипоҳиро аз даст надода, бо табассум рў овард ба хоҷасаройи бузург.
— Дар ҷустуҷўятон будам, хоҷасаройи бузург...
— Ман низ туро меҷустам, шоҳзода...
— Хоҷасаройи бузург... – ҷуз ин ҳарф чизе гуфта натавониста худро пеши пойи вазир Боҳуй андохт.
— Бархез, шоҳзода, чунин рафтор дар шаъни шоҳзодагон назебад. Зери пойи ҳар кас сар андохтан кори шоҳзодагон нест.
— Шумо ҳар кас нестед, хоҷасаройи бузург. Вазири ҳамадон, бузургтар аз шоҳон.
— Муҳобот кардӣ, шоҳзода.
— Шоҳон бо вазирони доно шоҳанд, бе вазирони чун шумо доғи моҳанд.
— Ҳарфҳоят шоирона, магар шеър гўйӣ?
— На, хоҷасаройи бузург. Орзуям шоирӣ нест. Орзуям бузургиву доноийи шумост.
— Маро хиҷолатзада масоз, бозгўй нақшаву орзуҳоятро.
— Нақшаву орзуйи ман нақшаву орзуйи шумост.
— На. Орзуйи ман дигар асту нақшайи ту дигар… Ман ҳаргиз орзуйи шоҳ шуданро надорам, ту дорӣ.
— Чун донистед, хоҷасаройи бузург?
— Аз Кўшки Гардон.
Хиҷолат кашид Ох ва боз пеши пойи вазир Боҳуй хам зад.
Боҳуй ўро бардошт. Ох ба пой шуд, ба чашмони вазир нигарист ва боз сар андохта, муғамбирона гуфт:
— Хоҷасаройи бузург... Ман ҳоло чизе дидам, ба таъбираш ақлам нарасид, ҳайронам, ки чӣ аломатест.
Ох аз дасти вазири доно гирифт ва бурд ба он ҷониб – паси девори ҳарам, ки мойиндару писарандар чун сагу сагбачча буданд ва ҳанўз мемакид шоҳзодайи ақлбохта мойиндари ба худ монандро.
Хоҷасаройи бузург чунин ҳолро бидид, зуд рўй тофт. Дергоҳ ба худ наомада буд. Ох низ паҳлўйи ў гом мезад ва наметавонист чизе бипурсад ва ё хулосайи хешро гўяд. Пиндошт вазир назди шоҳ Ардашери II меравад, савдо мегўяд. Аммо хоҷасаройи бузург Охро аз пайи хеш ба Кўшки Гардон бурд.

пешина
аз 390
навбатӣ