Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ҳама сирру савдо ба шумо аён аст, чаро нагуфтед ба шоҳ Ардашери II?
— Ту баройи ман аз ҳар гуна шоҳ писандидатарӣ, туро чун фарзанд дўст дорам, аз ин рў асрор ҳувайдо накардам.
— Хоҷасаройи бузург! – боз худро пеши пойи Боҳуй андохт Ох, ки ҷуз ин ҳунар ҳунаре надошта бошад.
— Ох! Гуфтам, ки нозебост ин кор баройи шоҳзода.
— Охир, эҳтироми шумо зиёд аст, расида натавонам ба эҳтироматон.
— Зарурате надорад... ҳарфатро бигўй.
— Ҳарф нест, хоҷасаройи бузург. Мақсад пос доштани эҳтироми шумост.
— Сарфарозам... Аммо бигўй, ки чаро ба ин Кўшки Гардон омадем?
— Ба шумо аён аст, ки ин Кўшки Гардону Аровандрўд кушишгоҳ шуда, аммо оқибаташ пайдо нест.
— Оқибаташ пайдост, Ох.
— Чун?
— Ин кўшку ин рўд оқибат туро бояд ба тоҷу тахт бирасонад.
— Хоҷасаройи бузург! Ман шоҳзода наям, хидматгори шумоям ва чунин кор танҳо бо кўмаки шумо барин вазири доно хоҳад шуд.
Хоҷасаройи бузург яқин кард, ки шоҳзодайи сабуксарро ба дом овард, кунун аз пайи кор бояд шуд, ҳарфи бисёр – харро бор.
— Чунон ки донӣ, ин кор осон нест, шоҳзода.
— Бале, хоҷасаройи бузург.
— Аз миёни як саду понздаҳ бародар... на... душвор... хайр, дутояш рафт.
— Сетояш гўед хоҷасаройи бузург.
— Чун?
— Он девона ҳам ба ҳисоби мурд.
— Хуб, сетояш, боз як саду дувоздаҳ мемонад...
— Як саду ёздаҳ, хоҷасаройи бузург.
— Чаро?
— Маро ҳам...
— Бале... як саду ёздаҳ нафар, муқобили як нафар.
— Чун, хоҷасаройи бузург? Чаро онҳо муқобили ман бошанд?
— Модом ки ту эшонро нобуд сохтанӣ ҳастӣ, мантиқан эшон муқобили ту бояд бошанд. Чун онон огоҳ наянд, ту пирўз ҳастӣ ва пирўз хоҳӣ шуд.
Ох ба андеша рафт, ки суханони вазир Боҳуй духўраанд ва кинояро монанд. «Дигар пойи гурезу ҷойи гурез намонда». Вазъаш дигар шуд якбора. Бад андешид дар борайи хоҷасарой, ки доми тазвир густурда андар роҳи шоҳзода.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо