Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дерёз нигарист ба оби равон, ки хоби бад ба об мехонда бошад.
Чун Ох аз андешайи вазир огоҳ нест, гумон дошт, ки маккорӣ дорад баройи мутеъ гардондани шоҳзода. Ох низ нигарист ба об, ки илоҷи муаммо он ҷост. Хомўш буданд ҳар ду. Боҳуй сар ҷунбонд. Гўшайи чашми Ох афтод ба сарҷунбонии ў ва ҳайрон шуд, аммо чизе пурсида натавонист. Гумонаш халалгор мешуд андешайи хоҷасаройи бузургро, аз ин рў чизе напурсид. Нигарист ба об. Сурати вазир наметофт андаруни рўд. Ба назари Ох об гилӣ мешуд ва софиву шаффофиаш рафта буд ва медамид Аровандрўд. Лаби ошёнайи аввалро мелесид ва кам-кам нам мекарду мешуст. Ох худ ба худ таъбир кард, ки гилолудагийи оби рўд ба он монад, ки бародари беақл ва мойиндари ақлбохтааш карда.
Боз нигарист сўйи хоҷасаройи бузург ва тахмину дарёфт кард, ки ранҷида аз он саҳна.
— Озурдадил гаштед, хоҷасаройи бузург?
— На.
— Магўед «на». Ман ки хурд нестам, мефаҳмам ҳама чизро.
Набояд ба шумо менамудам он саҳнаро.
— Хуб кардӣ, ки намудӣ, шоҳзода. Вале сар мешиканам, таъбир карда наметавонам.
— Метавонед, хоҷасаройи бузург, аммо намехоҳед, ки ман донам. Ақли кўтаҳи ман мегирад, ки оқибати нек надорад он саҳна.
— Оре, шоҳзода. Он саҳна аломати инқироз аст. Ё фурўравии Замин ва ё фурўравии Давлати Бузург.
Шоҳзода Ох чандон сарфаҳм нарафт ба ҳарфи вазир Боҳуй, вале чунон хештанро ғамӣ вонамуд, ки фурў мерафта бошад. Ва ба маънии афсўс сар ҷунбонд. Ва вазир гўё дерёз дар ин боб андешида боз лаб ба сухан кушод:
— Аломати хуб нест... Пеши назарам меояд, ки Тўфони Нўҳ такрор меёбад. Пеш аз Тўфони Нўҳ чунин худоношиносиҳо рух дода буданд, беимонҳо афзуда буданд. Яздони пок ҳамаро боз ҷо ба ҷо мегардонад.
— Он саҳнаро ба шоҳ гўем, чӣ шавад?
— Бояд гуфт, вале кӣ мегўяд?
— Инро ҷуз хоҷасаройи бузург касе гуфта наметавонад.
— Ту низ метавонӣ бигўйӣ, Ох.
— На. Чунин воқеаро гуфтан ба мартабайи шумо дуруст меояд, хоҷасаройи бузург.
Вазир Боҳуй посух нагуфт, балки хомўш монд. Ох фурсатро ғанимат дониста, рў овард ба ў:
— Хоҷасаройи бузург...
— Бифармо! – хомўш мондани Охро дида гуфт вазир Боҳуй.

пешина
аз 390
навбатӣ