Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди он ки шоҳи ҳахоманишиён Ардашери II аз қиссайи зани дўстдоштааш Мино ва писари ақлбохтааш огоҳ гашт, ситорашиносон, раммолон, фолбинҳо ва ҳатто коҳинони маъбадро ба кўшки пазиро хонд, то таъбир кунанд он саҳнаро. Ба андеша заданд раммолону коҳинҳо. Ситорашиносон аз осмон ҷустанд ситораи эшонро, вале чизе пеш наомад. Саррамоли дарборӣ Хусрав ба по шуду таъзим овард ба шоҳ ва фармуд:
— Сарвари сулолайи ҳахоманишиён шоҳ Ардашери II-ро маълум бод, ки давлаташон поянда ва офтобашон рахшанда бошад. Саҳнае, ки вазири донову мўҳтарам пешниҳод карданд, фоли нек аст. Синайи модарро макидани писар на танҳо дар бедорӣ, андар хоб ҳам хуб аст. Чун шоҳзан тифли худро гум карда буд ва ҳоло ки ақлаш костааст, синайи раҳмаш сих зада писарандари хешро макондааст, гуноҳе нест. Зеро писар аз нутфайи шоҳ Ардашери дувум аст ва баробар ба писари фавтида… ва аз ин саҳна фоли бад ҷустан аломати нохирадмандист...
«Фоли нек» ва аломати «нохирадмандӣ» гуфтани саррамол хуш наомад вазир Боҳуйро ва чун пеши шоҳ нуфузи зиёд дошт, худдорӣ карда натавонист ва боадабона боло шуд:
— Эй шоҳаншоҳи Порс, он чӣ сарраммоли хирадманд мегўяд, мусаллам аст. Аҳура Маздойи бузург назари нек андохта ба мулку ҳарами шоҳаншоҳ. Аммо илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ бояд кард, гуноҳи маро бубахшанд, шоҳи бузург. Чун писарандар аз мойиндар ба сол бузург аст ва даврони синамакиаш гузашта, ройиҷ ва воҷиб набувад. Ҳозирини мўҳтарам бояд огоҳ бошанд, ки шоҳи ҳахоманишиён аз ин рў миёни донишмандони бузург ин муаммо андохта. «Фоли нек» ё «фоли бад» гуфтан осон аст, душвор аст собит кардани «фол».
— Хоҷасаройи бузург чӣ мефармоянд?
— Шоҳаншоҳ аз гуноҳи хоҷасарой ва писари донишмандашон Ох гузаранд, ман андешайи шоҳзодаро арз хоҳам кард.
— Бифармоед, хоҷасарой!
— Шоҳзодайи донишманд Ох, ки валиаҳди шумост...
Вазир Боҳуй суханашро анҷом надода сарҳойи ситорашиносон, раммолон ва фолбину коҳинҳо каҷ шуданд сўйи ҳамдигар ва бехгўшӣ карданд. Шоҳ каф кўфт, ки ором бошанд. Сарбозон садойи кафкўбийи шоҳро шунида ба дар ҳозир гаштанд. Шоҳ ишора кард, ки сипоҳон баргарданд ба ҷойи хеш... Хоҷасарой, ки нуфузу мартабайи хешро андар дарбор медонист, осудаву босабр буд. Ва ором сухани хешро идома дод:
— ...мефармояд, ки чунин саҳна нишонайи инқироз аст: ё Замин футур равад ё Давлат. Шоҳзодайи заковатманд боз иснод мекунад ба Тўфони Нўҳ, ки он замон ба ягонагии Яздони бузург ширк карда буданд. Вале ман гумон мекунам, ки ин саҳна аз он «чиз»
фарқ мекунад. Касе ба ягонагийи Яздони пок шак надорад. Танҳо он саҳнайи ҳузновар касро водор месозад, ки биандешад.

пешина
аз 390
навбатӣ