Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Бино бар гуфтайи шоҳзода дум баровардани одамон ва синайи модаронро макидани мардони бузургсол фано ёфтани давр аст... Чун шоҳи ҳахоманишиҳо Ардашери II бузурганд ва чунин ҳарфҳоро сарфаҳм мераванд, аз кушодагўйӣ намеранҷанд. Ман он чи дарёфтам гуфтам, шоҳаншоҳ малўл нагарданд. Агар хато кардам, гуноҳ ба гардани ман аст. Шоҳ бузурганд, ҳукм раво медоранд...
Хеле тўл кашид хомўшӣ. Шоҳ бо сарангушту нарангушт пешонӣ сойид. Ҳозирин миш-миш доштанд. Гиребон мегирифтанд онҳое, ки аз гуфтани таъбири дуруст метарсиданд. Сарраммол сурх шуд, тафсид, дар пўсти хеш намеғунҷид, аммо илоҷе надошт, ки суханони вазири дарборро гардонад. Зеро фардо рў ба рў мегашт бо Боҳуй ва сарраммол интихоб кардану аз вазифа озод гардонидан дар дасти хоҷасарой буд.
— Ситорашиносон чӣ мегўянд? – ногаҳонӣ буд пурсиши шоҳ.
Зеро ҳама нигарон буданд, ки шоҳ Ардашери II ҳукме мегўяд дар ҳаққи вазири дарбор. Ситорашинос Наҷмӣ, ки илми нуҷумро об карда хўрда буд, ба по шуд ва намоз овард ҷониби шоҳ, пасон лаб ба сухан кушод:
— Сарраммол баройи ҳурмати шоҳаншоҳ нахост ҳарфи ҳақро бигўяд; хоҷасаройи бузург – вазир Боҳуй аз дилсўзӣ таъбири барҳақ карданд. Илова ин аст, ки шоҳзода Охро пирўзӣ дар пеш аст...
Ох сар андохта менишаст, баъди сухани ситорашинос Наҷмӣ ба гўшайи чашм нигарист ба Боҳуй, ки чунин ҳарфҳоро ва пирўзийи ўро пешгўйӣ карда буд. Боҳуй дид нигоҳи дуздидайи Охро, вале вонамуд накард. Чашм ба шоҳ Ардашери II дошт, то чӣ ояд аз ў.
Вале нигоҳи шоҳ осемасар кард ўро. Зеро шоҳ ҳама ҳарфҳоро гўё фаромўш карда сўйи писараш Ох менигарист. Вазири зирак парешон гашт, ки Ох аз бетаҷрибагӣ хешро бой медиҳад. Нигоҳҳойи дуздидааш ба хоҷасарой метавонад асрор ҳувайдо созад. Аз ҳад зиёд ситойиш кардани вазир Охро шоҳи рамузфаҳмро дастак гардад. На танҳо шоҳ, ҳамагон, ки ба Ох менигаристанд, пай бурда буд ва эҳтиёт мекард хешрову вазирро.
— Агар қуръайи фоли нек ба номи Ох аст, ман шодон ҳастам, вале агар бо макр хушбахт шуданӣ бошад, орзу накунад.
Ногаҳонӣ буд хулосайи шоҳ. Раъша давид ба тани Ох, фарошо гирифт бадани вазирро, ки дарёфта шоҳи доно ҳамаро.
Дар асл аз чизе огоҳ набуд ў ва ҳарфи ситорашиносу вазирро писандида буд.
Чашмони Ох меҷустанд чашмони хоҷасаройро. Аммо хоҷасарой мегурезонд нигоҳи хешро, то аз чашм ба чашм омадани онҳо шоҳи зирак чизеро пай набарад. Шоҳ низ гирифтори андешайи худ буд ва намерасид ба умқи фоли вазир. Боҳуй такя ба маънии номи шоҳ карда, хавф дошт, ки ин шери пурхашму пурғазаб оқибат мешўрад ба сари эшон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо