Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Музтарибҳол гашт Ох ва тозон фурў омад аз баландӣ, вале ба пешвозаш натохт, то эмин бошад аз ҳар бало. Чун хоҷасарой аз зина баланд гашта ворид шуд ба кўшк, фарошо гирифт танашро.
Чунон рафтор кард бо шоҳзода, ки аслан надида. Ох ҳайратзада бозистод, то чӣ ояд аз хоҷасарой. Ва майли сухан кард, ки вазири доно ба ишорайи чашм хомўшийи ўро авло донист. Охи зирак пай бурд, ки балое ҳаст. Хомўш монд ва баргашта ба ошёнайи дуввум баромад, ки ҳарфи зарур бошад, вазир мегўяд. Вазири пурдида ва сипоҳ чунон рафтор мекард, ки баройи ором гардондани асаби хеш ва тасаллойи дил такя бар посутун дода, ба об менигарад. Дар асл хавф мекашид, ки касе аз пайи ўст; ҷосусӣ дорад. Гумонаш фармудайи шоҳ Ардашери II аст ва ў дидаву дониста ресмонро дарозтар андохтааст. Буд, набуд бори ў гаронтар мешавад аз бори шоҳзода Ох. То ин дам баданаш тафсида арақ мебаровард, ҳоло сард гашт арақи танаш. Ларзид. Ба худ овард ўро чунин ларзиш.
Баргашту нигашт ба пас. Мойиндари суғдӣ аз ҷониби дарвозайи диж меомад парешону ҷўлидамўй. Рафтагор шуд, сўйи Ох нигоҳ накарда садо баровард: «Ҳоло вақти сухан нест!»
Зери шарфайи об базўр шунид Ох садояшро ва карахт шуд:
«Фош шуда асрор...» Ба ҷойи он ки хоҷасаройро бигуселонад, тахтапушт ба сутуни кушк сойида нишаст ва чун ятими падаргумкарда гарданаш каҷ шуд.
Чун хоҷасарой бо маликайи суғдӣ рў ба рў омад, малика сўяш хандиду ба рақс даромад. Ноҳинҷор дарёфт хешро вазир ва чунон ки каргаси зиёде сўяш ҳуҷумовар шуда бошад, панҷа афшонда «кишк!» мегуфт.
Шоҳзодайи карахт дид он манзараро, аммо намеҷунбид аз ҷояш. Хеле тамошо кард рақси мойиндари ақлбохтаро, пасон ба худ омада, барҷасту бихест ва шитофт ҷониби вазир Боҳуй, ки асбоби худсафедкунӣ пайдо гашт. Зеро ҳар кас бигўяд, ки бо вазир Боҳуй чӣ кор доштӣ, посух буд, ки хоҷасаройро аз чанголи мойиндари саръӣ раҳо мегардонад. Дартоз рафт ҷониби эшон. Мойиндари лояъқил ҷо ба ҷо бозистод. Хандид. Гирист ва ҷониби писарандар бо меҳрубонӣ омад ва синайи сихзадаро аз чоки гиребон бурун овард. Дасту по хўрд Ох. Як назар сўйи хоҷасарой нигарист. Ў низ шах шуда буд. Илоҷи кор намеёфт.
Вале Ох ҳозир буд мойиндари беақлро як лагад бизанад, ба фарш андозад ва бигурезад:
«— Биё азизи ман, гумат кардам, куҷо будӣ?» – синайи сафеди таранг дар чанголи ифлос ва бо чанголи дасти чап ўро доштанӣ шуда сўяш ёзида буд. Чун аз ҳаяҷон синаро сахт пахш кард, ки тизи шири сафед пош хўрда ба либоси писарандар бархўрд. – Ин шир баройи ту ҷонам, онро каси дигар хўрда наметавонад.»
Чизе аз қафаси синайи шоҳзода дамид, сўйи гулў омад, танг гардонд нафасашро. Андар гулўяш бояд чизе битаркад...

пешина
аз 390
навбатӣ