Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале андар паси девори ҳарам девонагонро надид ва яқин кард, ки бо амри шоҳ бурдаанд эшонро. Гирди ҳарам гашт ва бирафт ҷониби дарвозайи диж. Пардадори пурриш дар ҳалқайи сарбозон моҳигири пурришро бозпурс мекард:
«— Надонӣ, ки чун шуда ин кор?»
«— На, ҳоҷиби азиз. Ману ту нав намешиносем якдигарро.
Чиҳил сол аст, ки баройи шоҳон моҳӣ медорам. Гулмоҳиашро мегирам, мормоҳиашро баргардонда ба об меандозам...»
«— Кулли инсонҳо мисли ту кор мекунанд: хубро мекушанд, бадро ривоҷ медиҳанд».
«— Чун? Ҳоҷиби азиз...»
«— Гулмоҳиро дар тоба бирён мекунанд, мормоҳиро раҳо, то биафзояд».
«— Бале, ҳоҷиби азиз, хубӣ бо одамӣ созгор нест, вале бадиву зиштӣ чун соя бо ўст».
«— Пас бояд бидонӣ, ки он соя кист».
«— На, ҳоҷиби азиз. Инро ман надонам, аммо тахмин кунам...»
Дили хоҷасарой биларзид, баробари шунидани ин ҳарф саропо гўшу ҳуш шуд. Худро ба давра зад. Сарбозон намешинохтанд вазирро. Ҳоҷибу моҳигир гарми суҳбат буданд, надиданд ўро.
«— Хуб, бигўй, ки кист он нобакор?!»
«— Гадо – душмани гадо: агар кори мойиндарон нест, кори бародарон ҳаст, агар кори бародарон нест, кори мойиндарон ҳаст».
«— Гуфтам, ту донӣ моҳигири беақл... аммо баройи ман тахмин кунӣ!»
«— Гуфтам, ки тахмин, ҳоҷиби азиз».
«— Бирав, моҳӣ бигир!»
Ва дили хоҷасарой таскин ёфт андаке. Пеши назараш Ох омад ва мехост ин хабарро зудтар расонад ба шоҳзода, ки ба унвонаш шубҳае нест.
Хоҷасарой фаромўш кард ҳама шубҳаро, зеро аз қотилийи Ох ҷуз ў касе чизе надонад. Шоҳзода дастихуши ў бояд бишавад. Рў ҷониби Кўшки Гардон овард ва чун гурбайи дузд гом бардошт...
Шоҳзода Ох мурғи посўхта буд лаби Аровандрўд. Аз ташвиш ва саршиканийи зиёд ба хулосае омада буд, бо хоҷасарой во хўрад, масъаларо пеш гузорад, ки чаро вазири доно чунин рафтори носазойи ўро рўпўш медорад. «Ба чӣ меанҷомад ин кирдор? Оё шоҳ огоҳ гардад, хоҷасарой тавонад, ки ҳимоя кунад марову худашро?».
То ин дам, ки сар андохта мегашт, тозон баромад ба ошёнайи саввум ва нигарист дижу ҳараму тарабхонаву гулгаштро, то чӣ ояд аз он ҷониб... Ва чашмаш афтод, ки вазир меояд осемасар, бо нигоҳ тоза мекунад пасу пешро. Чунин ки ташвишаш зиёд аст.

пешина
аз 390
навбатӣ