Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«Шоҳ моҳӣ мехоҳанд, моҳиву моҳигир нест, гуфтанд шояд шумо донед ҷойи моҳигирро, шоҳзода?»
— Кӣ гуфт, ки ман донам?!
— Нагуфтаанд, ки донед, гуфтанд: «шояд».
Шоҳзода, ки ба танг омада буд аз рафтори моҳигир ва дар таҳлука буд, инчунин хавф дошт, ки моҳигир дониста чунин рафтор мекунад, рафтори пешхидматро ҳиллаву найранг ва як сарборӣ дониста, чунон ба баногўшӣ ў фаровард, ки ба сони дарахти решахез аз пой рафт ва рўйи фарши Кўшки Гардон дароз парид.
Шоҳзодаро дил мезаду нафас мегашт аз кори кардааш. Вале сари ҷаҳлу ғазаб аз пойи ў кашиду афканд ба об. Ва бирафт ба назди модар...
Чун шоҳ Ардашери II он рўз моҳӣ нахўрд, олуғда гардид, сарошпазро хонд. Сарошпаз биомад назди шоҳ ва арз кард, ки моҳигири пир бедарак аст, магар ки моҳиён хўрда. Дили шоҳ аз моҳӣ монд, ки моҳиён гўшти одам хўранд. Ва фармуд филфавр моҳигирро пайдо кунанд. Сартаббох итоат карду бирафт ва боз шогирдро хонд. Пайдо набуд. Чун пешхидмат додарзодайи ў буд, парешон гашт, аз пайи ҷустуҷўяш шуд. Дергоҳ ҷустанд, дар ҷое наёфтанд. Шоҳзода Ох худ ба худ ба қароре омад, ки моҳиён гўшти одам хўранд, Сосони ҷосус ва шогирди ошпазро моҳиён хўрдаанд, ки пайдо нестанд.
Кас фиристоданд ба хонайи моҳигир. Фиристода бозомад ва овард, ки моҳигир мурда ва сари болинаш зани пираш мегиряд ва натавонад тадбире бикунад. Дар таҳлука афтоданд таббохон ва дарбонон. Ҳоҷиби пурриш иҷозат пурсид аз сарпос ва бирафт ба хонайи моҳигир, ки солиёни дароз нону намакхўрда буд ва аҳду паймон низ доштанд, ки якдигарро гўру чўб кунанд...
Ох шодмон шуд дар дил, ки инак ҷуз вазир Боҳуй касе асрору кирдори ноҷавонмардонайи ўро надонад. Тарсу бим аз моҳигири пир дошт, ки ў ҳама дониставу дидаашро ба хок бурд. Ҳанўз анҷоми кор нест мурдани моҳигири пир. Баройи ба сомон расондани нақшаҳояш шоҳзода бояд бисёр корҳоро анҷом диҳад. Ҳоло ҳама бародаронро бояд аз миён бардорад, ин кори саҳл нест. Маслиҳати хоҷасаройи бузург зарур аст.
Ў майли дидори хоҷасарой кард, пайдо набуд вазири доно. Ба Миср рафта хоҷасарой, шоҳзода хабар надорад. Чун огоҳ шуд аз ин кор, ҳайраташ афзуд, ки чаро Шоҳ Ардашери II чунин рафтор карда. Муаммост шоҳзодаро. «Шояд хоҷасаройро волийи Миср таъйин карда бошад?» Шоҳзода чун мурғи посўхта метохт ба ҳар сў, намеёфт илоҷи корро. Наметавонист дарояд назди падар, зеро фурсату айём нобоб аст. Агар падар аз рафторҳойи ў огоҳ гашта бошад, сари ғазаб имкони ҳар гуна ҳукм баровардан дорад. Хоҷасарой нест, ки ҷонибдорӣ бикунад. Канораҷўй гашт Ох. Бозомад ба Кўшки Гардон. Кўшки Гардон дар ҳолати аввал буд. Ҳайрон кард Охро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо