Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Шояд Сосони ҷосус пайдо шуда?» Хавф кашид. Пас-пас рафт. Дур шуд аз кўшк. Даромад ба диж. Қарору тоқат надошт.
Ҳаросон мерафт. Паси девори ҳарамро гузашт. Нишону дараке аз девонагон набуд. «Шоҳ Ардашери II ба худ омада, ҳамаро сомон мекунад... Бояд сомон кунад. Бенизомӣ зиёд аст дар қалъайи шоҳӣ, он қадар зиёд, ки ҳисобашро худо донад... Агар худи худо ба низом наорад, аз дасти Ардашерон ин кор наёяд...»
Охи расоқомати ҳушёр, ба назар шоҳзодайи бепарастор, гўйӣ ба касе лозим набуд ва ў ба касе кордор намешуд. Овораву беқарор мегашт дар раҳравҳойи диж. Каси ҳолдонро пайдо накард. Ва боз хаёлаш ба Кўшки Гардон рафт, ки чун дуруст шуда, чун боз омада ба ҷойи хеш? Парешонтар шуд, ки омада Сосони ҷосус, намурда ва об набурда. Он гоҳ худро ба хоб андохта будааст ва ҳама ҷосусон обдонанд, шояд зинда баромада ва дар ҷое пинҳон аст, қасд бояд биситонад. Пояш накашид биравад ба Кўшки Гардон, рафт сўйи дарвоза, назди пардадор… Вале ҳарфе набуд, ба назар мотам доштанд ҳама. Касеро коре набуд бо касе, чунон ки оғози пархоши бузургест ва баҳр дам зада хомўш аст ва бояд биҷўшаду бихурўшад ва ё чунон ки пас аз гуноҳи азиме шоҳ ҳукм карда ба қатл эшонро ва дам ба дарун гирифта илоҷи раҳойӣ ҷўянд. Ҳама сар андохта буданд. Касе ба шоҳзода эътиборе надод. Муроди Ох ин буд, ки аз забони пардадор ва мададгоронаш бишнавад, ки хоҷасарой аз чӣ рў ба Миср рафта? Чизе дарёфт накард, ғамӣ гашт. Ба назараш дигарон низ ғам доштанд дами дарвозайи диж.
Шоҳзода ҳамин лаҳза худро танҳову бекас ҳис кард ва дарёфт, ки мушкилоте ба сараш ояд, имдодгаре, фарёдрасе надорад, зеро падари шоҳаш дар чунин ҳолатҳо дастгираш нахоҳад шуд. Лаб газид худ аз худ, ки танҳойӣ чӣ мушкил аст. Танҳойие, ки касе аз он огоҳ нест, чӣ аламовар тобад шоҳзодаро ва танҳойие, ки ҳама огоҳ бошанд, зиёдтар аз марг аст. Алвақт шоҳзода ишколи танҳойиро дарк карда, аз фоҷиайи он огоҳ нест. «Ақаллан хоҷасарой нест...» Шоҳзода аз хоҷасарой умеди зиёд дошт. Фикр карда буд, ки хоҷасарой аз ў сирреро пинҳон нахоҳад дошт, ба дардаш дармон хоҳад гашт. Аён шуд, ки саропо муаммост вазири пухтакор: «Хатойиҳойи хоми инсонро пухта гардонад».
Мурод ҳосил нагашт аз дами дарвозайи диж. Пардадори пурриш ҳар гоҳ Охро бинад, «шоҳзода, чӣ хидмат?» гўён табассум мекард, ин бор сўяш нанигарист. Аз ин рў дили шоҳзода раг зад ва тасмим гирифт, ки наистад он ҷо. Ҷойи дигар рафтанро намедонист. Боз рафт ба Кўшки Гардон. Ба назар умедгоҳаш он кўшк.
Аввал атрофро дида чаронд. Он сўйи руд, мазори муқаддаси модҳо, се ошёнайи кўшкро аз назар гузаронд, пас омад назди сутуни Кўшки Гардон. Фишанг набуд дар ҷояш, вале кўшк қарор дошт.
Ох ҳайрон. Рўд равон, кўшк ногардон.

пешина
аз 390
навбатӣ