Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

ҷафстар часпид ба сутун. Чун мулўҳ буд, медиду фарқ намекард, ҳамчун кулўхе буд бо чашм.
Кабўтаре бипарид аз борайи кўшк, ки зери новадон лона гузошта буд. Садойи хишир-хишир ва қум-қуми пасти муҳаббатхоҳийи кабўтарон дерёз парешонаш кард. Ғаму пиндори беҳудааш аз дилу сар бипарид.
БаНди ШАШУМ
Тирамоҳон шоҳзодагон чун палангони хуфта аз хоб бедор гашта ҳаваси шикори ҷангали Мозандарон карданд. Мазмун, андар кўҳи Арованду Дамованд сайде намонда, майл ба сайдгоҳҳойи тоза карданд. Чун Боҳуй набуд шоҳзода Ох намедонист аз кӣ маслиҳат пурсад. Дудила, ки ҳамроҳи бародарон ба шикор равад ё на. Чун дилҷамъ нест ва мағзаш низ тира аст андешайи рўшан надорад. Дерёз сар шикаст ва баҳонае пайдо кард: «Шумо равед, ман нигаронатон мешавам ва ба бозгаштатон анвойи базм муҳайё месозам». Бародарон пазируфтанд хоҳиши Охро. Вале Ох баъди рафтани бародарон пушаймон шуд, ки чаро нарафт, зеро баройи ў аз қатлгоҳ дур рафтан хубтар буд аз ин ҷо мондан ва ғусса хўрдан. Ва ба сараш зад, ки бозистоданаш беҳуда нест, хоҷасаройи бузург Боҳуйро нигарон аст. Миср ҳам наздик несту ҷангали Мозандарон ҳам ва шояд шикориёну хоҷасарой дар як вақт бозгарданд. Вале дили Ох гум мезад ба шикор, ки чанде аз бародаронро бо бадномийи юзу палангон, бабру шерон нобуд сохтан имкон дошт. Ҷўшид хунаш. Назди падар даромад, ки аз дунболи бародарон биравад, шоҳ Ардашери II иҷозат надод:
«— Чун вазир Боҳуй бигардад, ба Миср бояд биравӣ, Ох».
Ох намоз овард ба падар ва фармуд:
— Вазир, ки рафта, чӣ ҳоҷати рафтани ман?
— Вазир рафта, то шўру қиёми мисриёнро фурў нишонад, пасон ту биравӣ.
— Дар Миср назҳат бархоста, падар?
— Бале...
— Сабабаш чист?
— Сабабаш он аст, ки дербоз ба сарашон тохт наёвардаем ва онон алҳол беҳокиманд, чун Нўшин бояд мерафт... – фавти писарро гуфта натавониста хомўш монд падар ва баъди фурсати зиёд гиреҳи андар гулў пайдо гаштаро фурў бурда афзуд: – Ту бояд Мисрро саришта бикунӣ Ох.
Вақти зиёд гузашт, дарак аз вазир Боҳуй набуд. Ох ҳазору як нақша дошт дар сар ва имон надошт, ки яке аз ин нақшаҳо бе кўмаки вазири доно амалӣ гардад. Ҳеҷ нафаре маҳбуби худро он қадар нигарон набуд чунон ки Ох вазир Боҳуйро. Ҳатто вақти ба шикор рафтани бародарон агар вазири доно ҳозир буд, Ох метавонист маслиҳат бикунад ва илоҷи кор дарёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо