Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва дарёфт, ки оби нова ба чарху парраҳо барнамехўрад. Гўё касе дидаву дониста обро шова карда, зеро худ аз худ об ба обпарто нагардад, магар харобкорийи селоб. Сосони ҷосус ёдаш омад. Парешонҳол гашт, ки Сосон пинҳон шуда дар ҷое ва ҳамаро тамошо дораду мушоҳида. Беихтиёр нигарист ба чанори муқаддас, ки моҳигири пир муҳобот карда буд ва таъкид, то парҳезгор бошад касе, ки бо он манзил ошнойӣ мекунад. Ваҳмангез метофт. Ҳатто он сў нигоҳ кардани шоҳзода вазнин менамуд... «Шояд Сосон инсони оддӣ набуд?» Музтарибҳол гашт. Аз даруни об тофтани симойи Боҳуй дар тирашаб, оташ зойидани даҳоне, ғайб задани Сосони ҷосус – ҳама гуйӣ як чизанд. Ҳар чӣ пеш ояд, аз он сўйи рўд ояд. Ох аз рўзе, ки дар ин диж маскан дорад, баъзан бинад,
1 ки нўкча гузоранд дар буни чанор, пилтачароғ меафрўзанду ёд мекунанд аз Зардушти Оташпараст. Ох гўйӣ акнун ба худ омада ва дарк карда ин ҳамаро. Ва чаро устодоне, ки таълимаш доданд, нагуфтанд, ки рў ба рўйи ин муқаддасгоҳ нохубиҳо ноҷост, гуноҳ норавост ва ширку зишткорӣ носавоб бувад.
Дар рўзи равшан воҳима пахш кардаш. Агар шаб будӣ, бо ў чӣ шудӣ? Чанде пеш ҳаросида, ҷо ба ҷо шудани Кўшки Гардонро кори Сосони ҷосус дониста, хавф бурда, рафта буд, ҳоло бозомад.
Бозомаданаш аз рўйи хоҳиш набуд, балки беихтиёр омад. Чизе буд, қуввае буд, ки кашида меовард. Шояд ин қувва хуни ноҳақ буд, ки Ох оқибати онро донистан мехост. Тарс барояш марг буд.
Аҷалро эҳсос кард ў. Биларзид. Ба назар гирифтҳойи рагу паяш кушода гашт ва садое расид бар гўшаш. Ҳамчун мурғон гардан тофта, якрўя нигоҳ карда гўш дод, ки шояд боз ояд садо. Такрор нашуд садо. Тахмин кард, ки аз ошёнайи саввум омада овоз. Пас аз чанд нафас такрор шуд садо, ки ба шарфайи по мемонд. Гўйӣ касе гом мезад дар боло... Боз ба хотираш омад Сосони ҷосус ва дилаш шорид зери пояш, давр бигашт Кўшки Гардон. Ва Ох сутуни кўшкро сахт оғўш кард, то об набарадаш. «Ҳар чӣ корӣ, он бидравӣ».
Вақте ки бехи мўйи фатилайи шоҳзода аз арақи гарм хориш кард, ў ба худ омад ва дарёфт, ки чизе нест, касе нест. Чун ҷуволи холӣ фурў нишаст дар пояйи сутун. Гўш ба сутун дошт, то чӣ садо ояд. Садойи рўд. Вале садойи зарби бархўрданаш ба чарху парраҳо шунида намешавад. Ох гўйӣ оташпараст аст, нигашт сўйи чилчароғи буни чанор. Ба ҷойи чароғони ба ният гузошта симойи Сосони ҷосус омад ба чашм. Ба чашмонаш бовар накарда пўшиду кушод, чун симоҳойи пешини он сўйи рўд рўъёйӣ ғайб зад аз назараш. Афшонд танашро, таконд сарашро, муштмол кард чашмонашро ва пойи гурез, ки надошт, бозистоду шах шуд ва
- Пилтачароғ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо