Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба нимдеворайи кўшк бархўрд, бозистод.
Ба назари Гулгун намуд, девона мешавад. Вале Ох андешайи дигар дошт: «Пас яке аз бародарон зинда аст...» Ранги рўяш сафед шуд, мадори пояш суст. Айёми маросим ба ёдаш омад ва гўё барқе ба сараш зад, ҷониби ў тез омад:
— Ту ки дар маросим набудӣ, Гулгун!
— Бале, набудам, – ором посух дод Гулгун, – модарон гуфтанд...
— Модарон гуфтанд?
— Бале, шоҳ, модарон...
— Ва ҳар чӣ эшон гўянд, ту бовар кунӣ?
— Оре, шоҳ, ба модарон бовар кунам, зеро худ чун модар дурўғ нагўям.
— Пас ба ту бовар кунам?
— Ихтиёр шоҳро. Шоҳ, ки бо гуфтайи ман кор намекунад...
Шоҳ Ардашери III суоли завҷаашро сарфи назар кард. Чунон буд, ки нашунида пурси ўро, балки фикраш банд аст ба ҷойи дигар.
Вале дергоҳ боздоштаву пинҳон карда натавонист андешаашро:
— Ту хоҷасаройи бузургро шиносӣ, Гулгун?
Гулгун низ зуд посух надод. Биангошт суоле набуда. Чун малик ба умеди посух ба рўйи ў менигарист, китф дарҳам кашид, ки ба чӣ маънӣ чунин бозпурс кунад. Шоҳи ҷавонбахт низ ба диққат туйи чашмонаш дида дўхт, то чӣ фармояд малика. Малика дарёфт, ки маънийи тааҷҷуби ўро шавҳар дарнаёфт, сар ҷунбонд: «На!»
— Чун нашиносӣ ўро?! – хитоб кард шоҳ сўйи Гулгун, ки нашинохтанаш гуноҳ бошад. Вале чун посухи занро бишнид, ҳайрон монд: – Чӣ гуна шиносӣ?
— Он гуна, ки аз падар зиёд хидмат карда туро...
— Боз?
— Он гуна, ки падаратро кушта...
— Ту чиҳо мегўйӣ, зан? Магар...
— Магар огаҳ найӣ?! Он, ки падарро кушта, писарро раҳм кунад?
— Ҳазён магўй! Кӣ омўхта туро?!
— Касе наёмўхта маро! Ман духти шоҳи Арманам, ақлу фаросатам ба ҳама чиз мерасад. Ман бо ту чун бо шавҳар ҳарф занам, на чун бо шоҳ. Маслиҳати ман ин аст, ки дар базми вазир Боҳуй нанишинӣ, бодагусорӣ ва майхорӣ накунӣ.
— Яъне, аз баҳри хоҷасарой бароям, туро вазир хонам?
— Агар маънийи суханони маро чунин дарёфтӣ, ихтиёр турост...
— Кӣ бад кард хоҷасаройро ба ту?
— Касе бад накарда, худам бад дидам.
— Беҳуда бувад. Агар хоҷасарой набуд, тахти шоҳӣ ба ман нарасида буд.

пешина
аз 390
навбатӣ