Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гулгун дарёфт, беҳуда бувад дар ин боб бо ў ҳарф задан. Чун заношўийи шоҳона заношўийи омиёна нест ва раҳо кардани шоҳ маликаро душворие надорад, Гулгун суханро ғоз надод, балки рафтагор шуд сўйи ҳарам, ки аз ибтидо омад накарда кори ў бо шоҳон.
Шоҳ Ардашери III чун азми ў бидид ва дарёфт, ки малул шуда, боздошташ:
— Дар Мисру Бобулистону Суғду Бохтар будам, маъбаду ҳарамҳойи зиёдро зиёрат кардам, беҳтар аз Кўшки Гардон ҷое надидам ва хубтар аз Гулгун ёре. Агар касе бад гуфта туро, бигў бо ман.
— Касе бад нагуфта, касе бад накарда... Он чӣ дарёфтам, огоҳ кардам, рой турост. Шод бош!
Шоҳ Ардашери III ин бор монеъ нашуд ба рафтани малика Гулгун, балки ба андеша зад ва дарозо дида дўхт ба оби равони Аровандрўд, ки шояд сурати хоҷасаройи бузург боз намояд андар ойинайи об, аммо нанамуд симояш. Об мелаппиду беқарор буд, гилолуд метофт ва хунталаб гашта, ки дер боз аз дасти шоҳи ҷавон Ох қурбоние надида. Сар афшонд сўйи оби равон, ки онро саргузашт гуфтан ё чизеро ёдрас кардан кори барзиёд бошад, зеро хубтар аз Аровандрўд шейъе, ҷондоре қиссаҳойи ўро, нияти ўро, корномаҳойи ўро надонад. Ва ҳамин рўди равон гувоҳ бувад, ки шоҳзода чӣ аҳдҳо карда бо хоҷасаройи бузург ва ин вазири маккор чӣ сирдон аст...
... Ва шоҳи ҷавонбахт майли дидори хоҷасаройи бузургро кард.
Андар Кўшки Гардон хони неъмат орост. Хоҷасарой хавф кашид аз рафтори ў. Бо ҳарос даст ба нозу неъмат меёзид... Шоҳи сиву панҷсола Ох – Ардашери III, ки ҳама суханони завҷааш Гулгун дар гўшаш буд, майли бодахорӣ надошт, аммо зери чашм мекард, ки хоҷасарой чӣ ҳавас дорад. Хоҷасарой, ки бим аз Кўшки Гардон дошт, устокорона рафтор мекард, хуши шаробхорӣ надошт, дар ҷоми заррин шароби арғувонӣ мерехт ва дармеёзид сўйи шоҳ. Ба эҳтироми хоҷасарой шоҳ ҷом мегирифту бозмегузошт рўйи хон.
Ва мушоҳида мекард ваҷоҳати вазирро. Медид, ки чӣ гуна миёни абрўвони хоҷасарой гиреҳ мезанад. Шоҳ Ардашери III-ро равшан буд, ки гиреҳи ҷабини ў гиреҳи дили ўст ва дарак аз кинаварийи вазир диҳад.
— Шоҳо, шўриши мисриён пахш шуд. Миср боз андар тасарруфи шоҳи Порс аст. Аз Окс то Яксарт низ дар тобеияти шоҳи бофарри Порс аст, шоҳам боз чиро мунтазиранд, ки ҷоми хосайи хеш бар хон бозгузоранд? Магар тасарруфи Румро хоҳанд?
— Асбоб чунин нест, хоҷасаройи бузург... Ман сухани вазири доноро набояд ба замин гузорам. Вале чунон шуд, ки баъди аз Миср бозгаштан қавл додам, бода нахўрам.
— Қавл ба кӣ додед, шоҳам? Ба худойи Аммон?
— На. Ба Малика Гулгун.

пешина
аз 390
навбатӣ