Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин чӣ қавл аст? Шоҳеро ёд надорам, ки гўш ба ҳарфи зан дода бошад. Занҳо кўтоҳақл ва камхираданд.
— Ин ҳарфҳоро мо мардҳо бофта баровардем, хоҷасаройи бузург. Агар зан набудӣ, мард аз куҷо шудӣ?
Хоҷасарой ба андеша рафт. На аз ин ки шоҳ Ардашери III нисбати зан чунин ақида дорад, аз он ки шоҳ худрой гашта ва ақида пайдо карда. Агар чунин аст, минбаъд касеро писанд нахоҳад кард. Вақти май нахўрда қадаҳ бар хон бозгузоштани шоҳ миёни абрўвони хоҷасарой гиреҳ зада буд, ҳоло андар дилаш кўргиреҳ афтод... Вале чунин кина ба шоҳ саҳл тофт, гўйӣ андаке хоҷасарой ранҷида, аз ин рў баройи таскини дили ў фармуд:
— Хоҷасаройи бузург бубахшанд кўтаҳиҳойи бардаро, – хоксорӣ кард шоҳ. – Дар зиндагӣ ҷуз шумо касе маро имдод накарда.
Сипосгузор ҳастам аз хоҷасаройи бузург ва ҳар андешае дорам, бо шумо маслиҳат мекунам... Шумо раҳнамойи ман ҳастед, хоҷасаройи бузург.
— Инчунин бояд, Ох! – бедилона буд ин ҳарфи вазир, аз ин рў на шоҳийи ўро таъқид кард, балки Ох ном бурд: – Мо на танҳо ба ҳукми шоҳу вазир, балки ба ҳукми падару писар ҳастем.
— Оре, хоҷасаройи бузург. Ман пеши шумо як умр тифли итоаткор ҳастам ва қарздор. Ба мижгон чоҳ канам ҳам вом адо карда натавонам.
— Иғроқ шуд, шоҳам. Ман коре накардаам бароятон. Ҳамааш бо ранҷу заҳмати худатон ба даст омад. Ғайр аз ин баъди фавти шоҳ Ардашери II кӣ бояд вориси тахту тоҷ бошад? Лошак писари яккаву ягонайи ў Ох – Ардашери III. Аз дудмони ҳахоманишиён.
— Сипосгузорам, хоҷасаройи бузург. Ҷом баланд мекунем баройи вазири донову хирадманд.
— Сарфароз ҳастам, ки баройи банда шоҳи Порс ҷом баланд мекунанд.
— Оре, ҷом баланд мекунам, вазир Боҳуйи бузургвор!
Ҷом аз сар баланд бардошт шоҳ ва баъди ҷом ба сар кашидани хоҷасаройи бузург шоҳ Ардашери III ҷоми заррин рўйи хон бозмонд.
Хоҷасарой бо тааҷҷуб нигарист сўйи ў, вале чизе гуфта натавонист. Дар дил боз як гиреҳ зад, ки аз ҷониби шоҳи сохтайи вазири маккор беҳурматиест нисбати хоҷасарой.
Гўё чизе нашуда ва ё рафтори ў камию костие надошта бошад, шоҳ Ардашери III хушнуду масрур гуфт:
— Хоҷасаройи бузург... Андар хиттаву вилоятҳо, қитъаҳойи қаламрави Порс ноҷўриҳо, шўру балво ва нооромиҳо зиёд аст. Магар аз сиёсати муросокорӣ ва ё раҳмдилийи мо дарак намедиҳад?
— Шояд чунин бошад, шоҳам, лекин ман гумон надорам, ки сиёсати мулкдорийи шоҳ Ардашери III саҳлангорона бошад. Волиёни вилоятҳо, ҳокимони кишварҳо меҳрубон ҳастанд шоҳи мулки Порсро.

пешина
аз 390
навбатӣ