Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон ки гўянд: чорсў ҷойи бозор аст. Савдойи бозор пинҳон нахоҳад монд.
— Чӣ мушкилоте пеш омада, хоҷасаройи бузург?
— Шом шуморо мунтазир мешавам, даво лозим маро.
— Дар хидмати хоҷасаройи бузург мерасам.
— Сипосгузорам. То дидор!
Ва шоми он рўз табиби ҳозиқ Пиронро вазир Боҳуй ба ҳузур пазируфт. Аммо надонист матлаби хешро чун фаҳмонад. Ў медонист муҳаббати табибро нисбати дарбору дарбориён, вафодор буданашро ва хойиниро бад диданашро. Аз ин рў намедонист аз чӣ сар карданро, чунин фармуд:
— Ҳакими донишманд, фузунтар аз ман шумо дар боргоҳи Ҳахоманишиён хидмат кардаед. Ва ҳар кадоме аз шоҳонро хуб дониста будед. Феълу хўйи эшон маълуматон буд...
— Оре, хоҷасаройи бузург, шоҳони ҳахоманишӣ шоҳони нотакрор буванд, – чунин пиндошт муроди вазирро.
— Бале, табиби донишманд, беназир буданд онон... Вале муроди ман дигар аст. Оё шумо андар рафтору кирдори шоҳ Ардашери III ягон дигаргуние мебинед?
— Ғараз чист, хоҷасаройи бузург? Ў ҷавонмарди ҳушманд, шоҳи ботадбир аст, сиҳҳатманд, ба табиб эҳтиёҷе надорад. Муҳимтар он ки дар фикри хеш устувор аст.
— Хуш фармудед. Дар фикри хеш устувор аст: якраву гарданшаху якрўву якрой аст. Шоҳ бояд чунин бошад. Ба назари ман расид, ки ҳамаро дигар карданист; ҳатто пойтахт, диж, ҷоҳу ҷалол ва сипоҳро. Магар мушоҳида кардаед, ки ҳамаро дигар карда; аз дасти таббохон хўрок нахўрад, маслиҳати табибонро напазирад, ба гуфтайи вузаро гўш надиҳад. Ҳамайи ин нишонайи чист?
— Ба назари шумо нишонайи аз худ рафтан аст?
— Бале, табиби донишманд. Гумон дорам, ки ў боре ба шумо рў оварда бошад.
— Ҳамин тавр, хоҷасаройи бузург. Зеро тани ў ниёз ба табибонро надошт.
— Боракаллоҳ! Ниёз надошт... Шоҳ Ардашери III чандон шоҳи солим нест. Ниёз дорад ба табиб. Аммо ҳазар мекунад аз эшон.
Шак дорад, ки табибон бо ў бовафо бошанд. Равшан аст, ки пухтайи ошпазонро нахўрад. Ба касе имон надорад.
— Торик аст маро...
— Бовар кунед... Акнун расида навбати ману шумо; шубҳа ба мо низ дорад. Бояд моро ин ҷо гузорад ва равад ба Истахр, бинишинад ба Тахти Ҷамшед, биронад ком.
— Ба андешайи шумо чӣ бояд кард?
— Аз ин рў шуморо хондам, то донам чӣ бояд кард.

пешина
аз 390
навбатӣ