Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пирони табиб музтар монд; дерёз ба андеша рафт ва надонист чӣ посух бидиҳад. Зеро дар ин даргоҳ хидмати дерсола кард ва дар айёми фоҷиаҳойи бузург ҳам шоҳ ўро аз боргоҳ наронда.
— Шумо бояд бидонед, ки мо аз ин даргоҳ ронда мегардем,
– ҳарчанд хоҷасарой ин ҳарфи ногаҳониро ором гуфт, табиб як кад парид:
— Шоҳ Ардашери III чунин фармуда?
— Шоҳ Ардашери III чунин фармуда, табиби донишманд.
Вагарна бойиси ташвиш набуд.
— Пас масъала саҳл нест, хоҷасаройи бузург?
— Агар саҳл буд, шуморо ташвиш надодаме.
— Чӣ бояд кард? – такрор кард табиби донишманд.
— Илоҷ дар дасти шумост?
— Шоҳ ба мо эҳтиёҷ надорад. Хидмати моро напазирад.
— Шумо қавл диҳед, ки илоҷи воқеаро меёбед, ман сари шоҳро мегардонам, то ба шумо эҳтиёҷ пайдо кунад.
— Хоҷасаройи бузург ҳар чӣ фармоянд, он шавад.
— Боракаллоҳ!
Вазир Боҳуй медонист, ки шоҳ Ардашери III майли пазироийи ўро надорад, пас аз ҳазору як андеша фурсати боб пайдо карда ба назди ў рафт. Нохонда пайдо шудани хоҷасарой шоҳро нафорид.
Сар кафад – зери каллапўш, асрор ҳувайдо накарда, гўё омадани вазирро бойиси хушнудӣ донист. Вале хоҷасарой, ки мақсади ташрифаш маълум буд, баробари дидани малики Порс худро дилсўзу боизтироб вонамуд:
— Ба шумо чӣ шуда, шоҳам?
— Чӣ шуда? – ҳайрон монд шоҳ Ардашери III.
— Заҳир гашта пўстатон, магар...
— На, хоҷасаройи бузург. Медонам, ки чун падар дилсўзу ғамхор ҳастед, вале асбоби ташвиш нест. Ман тандуруст ҳастам.
— Мо аз худойи бузург Аҳура Маздо талаб дорем, ки шуморо ҳама умр сиҳҳатманд нигаҳ дорад... Вале, шоҳам, ранги рўятон маро парешон мекунад. Ман, ки бегона нестам шуморо...
— Ҳамин тавр, хоҷасаройи бузург.
— Пас бинамоед худро ба табиби ҳозиқ. Ба хусус, ки шумо майли Истахр доред, бояд солиму бардам бошед.
— Ман, ки мариз нестам, хоҷасаройи бузург.
— Медонам... медонам, ки мариз нестед, худо нигаҳдори шумост. Нияти нек ними давлат, гуфтаанд. Ман аз таъсири он шаб метарсам.
— Кадом шаб?
— Шабе, ки ҳамроҳи бародарон ба об ғарқ шуда, нам кашида будед. Кас тар шуда бошад, бод зуд таъсир мекунад... Ман ки аз ибтидо ғамхори «шоҳзода» будам, дилам ба эшон месўзад. Намехоҳам ба пойи шоҳи Порс хоре халад.

пешина
аз 390
навбатӣ