Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоме ки Куруш бо ин таҷаммул ва шукўҳ ба шаҳри Бобул ворид мешуд, ҷамъи касире ўро мушойиъат карданд. Аз ҳар ҷониб ариза ба ҳузури ў тақдим мешуд. Вале Куруш ба василайи пайкҳое, ки пайваста се тан дар ҳар сўйи гардуна баройи иҷройи авомир омода буданд, ба соҳибони аройиз амр мекард, ба фармондеҳе, ки ҷониби ў маъмурии расидагӣ ба шикоёт шуда буданд муроҷиат кунанд.
Вақте ба мазори муқаддас наздик шуданд, говҳоро баройи Мардук ва аспҳоро баройи Хуршед қурбонӣ карданд. Пас аз он ки маросими қурбонӣ ба поён расид, «чун он маҳал зебо буд, Куруш мусобиқайи асбдавонӣ ва гардунаронӣ тартиб дод ва пас аз он ба
1 фармондеҳони фотеҳи худ ҳадоёе бахшид...»
Пас аз дувист сол ҳамчунон тоҷгузорӣ мехост шоҳи дигар Доройи III. Ҳама ҳокимону сатрапи кишвару вилоёт, сипаҳсолорон, ялону далеру диловарон, аъёну акобир ва фавҷи хосайи шоҳиро бихонд андар дижи Ҷамшед. Дарвозайи қасри Ҷамшедро боз карданд. Бурун омад шоҳ аз кохи Садсутун андар иҳотайи гурди хоса ва сарбозони саф дар саф, гардунасавор, ки асби сапеди зарринёли тиллоафсор аз тозагӣ чун тухми нимдунбул мелапид... Мардум рў ба офтобнамо аз паси кўҳи тавили сангӣ рух намудани Хуршедро ва бурун омадани шоҳи тозаҷулуси Порсро нигарон буданд. Гову асбони қурбонӣ ба хотири худованд Мардук ва Офтоб пешопеши гардунайи шоҳӣ ҳаракат доштанд... Вале фарру шукўҳи шоҳаншоҳӣ набуд андар ин тоҷгузорӣ. Ва тоҷи Курушийи мурассаъ ба зарру ҷавоҳир бегона метофт бар сари Доройи Кудумон. Мардум дилгарм набуданд ва гўё баройи танҳо дидани чеҳраву андоми шоҳ омада буданд. Вале шоҳи бегонаву ноошно таассуроти хуб нагузошт мардумро.
Чун ба саҳройи фарохи сабзу хуррами Шероз шуданд, Доройи Кудумон монанди Куруши Кабир сабқати асбдавонӣ ва гардунаронӣ накард, балки пардохт ба хўрдани кабобу шароб, зеро Доро далериву шуҷоатеро надошт, ки Куруш дошт.
Маросими тоҷгузорӣ ончунон гузашт, ки хоҷасарой мехост ва бодахорийи шоҳи тозаҷулус хуш омад вазири маккорро, зеро ҳар вақт фармонфармоийи шоҳ ба дили хоҷасарой занад, метавонад маҷлиси шароб дуруст кунад.
Ҳамин тавр Доройи Кудумон бар тахти салтанат дилпуру устувор нишаст. Гарчӣ солҳойи зиёд сатрапи Арманиё буд, идора кардани мулки фароху парешони Порс, ки аз «Сакойиҳойи паси Суғд то Кўшро» фаро мегирифт, барояш осон набуд. Боз хоҷасаройи «шоҳнишон» арзи ҳастӣ кард ва зимоми давлатдорӣ ба

  1. Аз «Курушнома»-йи Газанфун, ки дар китоби алломайи ҳиндӣ Абдулкаломи Озод «Куруши Кабир» омадааст.
пешина
аз 390
навбатӣ