Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

даст гирифтанӣ шуд. Баройи худширинкунӣ зуд-зуд назди шоҳи нобаладу ноогоҳ аз даргоҳу хидматгорон даробаро мекард ва ўро огоҳ менамуд, ки ҳушёр бошад ва ба ҳарфи ҳар кас гўш надиҳад, зеро дар баробари як раҳмон худованд ҳашт шайтон офарида. Ва рўзе дархосте кард:
— Шоҳам, маслиҳате ҳаст.
— Бифармоед, хоҷасарой!
— Бисёр шоҳонро дидам, лекин дилам об нахўрд, то бар яке андешаамро бигўям.. Маслиҳат ин аст, ки дар қатори дахмайи Курушу Дориюш баройи ҳардумон дар синайи сангкўҳи паси саройи Ҷамшед оромгоҳ муҳайё созед.
Доройи Кудумон хашм гирифту битафсид, ки хоҷасарой марги ўро мехоҳад. Чун вазири зирак аз хашми шоҳ огоҳ гашт, сурфид, то ором бошад шоҳи зудранҷ ва нарм садо баровард:
— Шоҳам, подшоҳеро, ки ҳампанҷайи шоҳи Порс Доройи III бошад, дар рўйи замин намебинам, аз ин рў дарозтарин умр умри шоҳи Порс хоҳад буд. Чу ман хидматгори шумо ҳастам ва ҳамфикру ҳамният, мехоҳам дар он дунё низ паҳлўйи шумо бошам.
Бе шумо дар радифи Курушу Дориюш ҷой нест.
Дар дил пазируфт пешниҳоди хоҷасаройро, вале зуд ошкор накард хоҳишашро. Собир буд, то чӣ пеш ояд. Зеро аз дунёйи фано зуд-зуд пайи ҳам реҳлат кардани шоҳони ҳахоманишӣ ва суст гаштани бунёди давлати Куруши Кабирпоя гузоштаро дида, ҳокиму сатрапу волийи кишвару вилоятҳо талаби истиқлолу озодӣ карданд. Ва чунин ҳол шоҳи навҷулусро ба андеша водор сохт.
Доройи Кудумон дерёз аз банди андеша раҳо нагашт ва ба пешниҳоди хоҷасарой посух надод, аммо дар дил гиреҳ зада буд, ки чунон бояд, ки вазир гуфта; дахмайи бузургтарин шоҳони Порс бошад, баройи ин некиҳойи зиёд кардан лозим аст, чунон ки Дориюш карда буд дар ҳаққи Куруш. Дориюш пас аз бист соли фавти Куруши Кабир ҷасади ўро аз сарзамини Сакойиҳо фармуда овард ва вақте ки ҷасадро бар гардунайи шоҳӣ ба Тахти Ҷамшед наздик оварданд, Дориюш огоҳ гашта ба пешвози тобути шоҳаншоҳи Порс баромад ва ҷасади ўро бо хоставу зарру зевар бар сағона гузошт. Ва ин манзара аз пеши чашми Доройи III гузашт ва беихтиёр пурсид аз вазир Боҳуй:
— Оё хоҷасарой бо ман чунон кунанд, ки Дориюш карда буд бо Куруш?
— Оре! – матлаби шоҳро нафаҳмида посух дод хоҷасарой ва зуд сарфаҳм рафта лаб газид.
— Медонистам посухи хоҷасаройро...
Ҳайратзада бимонд хоҷасарой ва натавонист чӣ бигўяд, зеро тир ҷаста буд аз камон. Ба назар бозиро бохт. Тахминҳо ва шунидаҳойи Доро рост баромад. Хоҷасарой гардан фурў кашид миёни шонаҳо ва қомати пасти ў пасттар намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор