Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«Фитна хезад аз пастон». Вале андешайи ботинийи шоҳ зоҳир нагашт.
Ва дар чунин вазъу айём овозайи ба шарқ лашкар кашидани маликуррум Искандари писари Файлақуси Мақдунӣ ба гўши шоҳи Порс Доройи III расид. Чун шоҳи мактаби давлатдорӣ надида ва пархошнаозмуда тарсу ва беҷуръат буд, дасту по хўрд ва аз зарурат боз рў овард ба хоҷасарой. Чун хоҷасарой дарёфт, ки шоҳро мисли ў вазири доно мебояд, худро дур нигаҳ дошт, то шоҳро эҳтиёҷи зиёд пайдо гардад ба ў. Доро талаб кард Боҳуйро. Чун Боҳуй ҳозир шуд назди шоҳи Порс, Доройи III фармуд:
— Дарёфтед, ки румиён лашкар кашида сўйи Шарқ?
— Аз забони шоҳам мешунавам. Чӣ гуна буда?
— Ман бояд аз вазир бипурсам инро!
— Агар писари Файлақуси II Искандари Мақдунӣ лашкар кашида, ҷойи тааҷҷуб надорад. Зеро ў шоҳи Мақдуниёву Юнон аст ва мехоҳад қасди юнониён биситонад. Равшан аст, ки падари Искандар Файлақуси II дар қарори Кунгурайи Коринф нақшайи ҷанги Юнону Порсро дарҷ карда буд ва бояд лашкар мекашид ба Порс. Чун талаф ёфт, писари ў ин қарорро дар амал татбиқ карданист. Шоҳи Порс Доройи III набояд аз ин хиҷолат кашанд.
Чун лашкари Порс дар Юнон бар юнониён зафар ёфта буд, чӣ гуна дар сарзамини хеш ҷангро бибозад. Аҳура Маздойи бузург нигаҳ дорад шоҳи Порсро аз шарри Аҳриман!
— Хоҷасарой имон доранд, ки футур нарафта дар лашкари Порс?
— Чӣ гуна футур равад, вақте ки чун шумо подшоҳ дорад.
— Пас аъёну акобир ва сипаҳсолоронро фаро хонед, хоҷасарой, то маҷлису машварат бикунем.
— Гумон мекунам, ҳоло ҳоҷати чунин маҷлису машварат нест.
Аввал бояд худамон маслаҳат бикунем, пасон ба маҷлис гузорем.
Ишкол саҳл нест.
— Маслаҳат? Бифармоед, чӣ маслаҳат?
— Аввал бояд ҳамайи сипаҳсолорон дигар кард...
— Пасон чӣ бояд кард? – шубҳа бар маслаҳати ў карда таҳдор пурсид шоҳ.
— Пасон? Пасон сарбозони кирояйи юнониро бояд афзуд, ки эшон кина доранд ба мақдуниён, – маънийи гўлпурсийи шоҳро дарёфт накарда гуфт хоҷасарой. Бо вуҷуди он Доро дар андеша монд, ки чӣ маънӣ дорад ҳарфи вазир.
— Яъне чӣ? Онон ки якҷоя муқобили Порс лашкар мекашанд, чӣ гуна эшонро кироя кунем?
— На, онҳо ҷўр нестанд... Дар фавҷҳойи мақдуниён низ сарбозони зархариди юнонӣ ҳарб мекунанд. Дар асл юнониён мақдуниёнро бад мебинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор