Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Фаровонийи ҳосил аз пойи хуҷистайи шоҳи Порс аст, муборак бодо! Ва шоҳ ҳар гоҳ хоҳанд, он рўз ид бошад.
Чун хоҷасарой чунин рўзро нигарон буд ва аз якравию фармонфармоийи шоҳи тозаҷулус ва иззатталаб ба танг омада буд, чунин пешниҳоди шоҳ хушаш омад. Сабаби дигари чунин пешниҳодро хуш пазируфтани хоҷасарой он буд, ки аз сустийи шоҳи навҷулус истифода карда сатрапу ҳокими вилояту кишварҳо аз боҷу ҳироҷ саркашӣ мекарданд ва чунин рафтор нони вазирро нимта карда буд ва мехост зимоми давлатдорӣ ва боргоҳ дар дасти ў бошад.
Вазир дар пайи илоҷи кори шоҳ буд ва наметавонист ҷашне, базме барпо кунад. Чун худи шоҳ ба пешвоз омад, хоҷасарой мувофиқ шуд. Аммо сипоҳиро аз даст надод:
— Шоҳам, огоҳ ҳастед, ки румиён буғзи дерина кафонданианд.
Оё зарур аст, ки дар чунин вазъ базм кунем?
— Зарур аст!
— Мусаллам аст, шоҳам! Амри подшоҳ воҷиб! Тамоми сатрапу ҳокимони кишвар пайдо шаванд?
— На! Бигзор ҳар ҳокиму сатрап ҷашни Меҳргонро дар кишвари хеш барпо кунад.
— Мусаллам аст, шоҳам!
Ва ҷашн барпо шуд. Дар майдонҳо ҳеҷ гуна сабқату намойиш ва фарру шукўҳ ҳувайдо набуд. Балки дар кохи Садсутун базме мегузашт монанд ба базми майгусорӣ. Дастайи хоссайи шоҳ, чанд сипаҳбад, Пирони табиб, сатрапи Бохтар Бесус, ки аз хешовандони шоҳ буд ва шоҳзодагону хидматгузорон. Дар ин базм гўйӣ Доройи Кудумон чаҳор чашм дошт: ду чашм баройи базму дўстон ва ду чашми дигар баройи хоҷасарой Боҳуй ва рафторҳояш. Ҷулуси шоҳ, ки чандон кўҳна нашуда буд ва бо аъёну ашроф хуб ошно набуд ва майгусорӣ наомўхта буд ва сухани духтараш Гулгунро халқа бар гўш дошт, баройи хеш майгусорӣ мекард ва қасдан ин корро мекард, ки хоҷасарой чӣ хидмат пешниҳод мекунад. Аз сабўйи пурнақшу нигор ба ҷомкосайи тиллойӣ май мерехту ба сар мекашид ва ҷомкосайи заррини дигар тиҳӣ буд ва касе намеёрист, ки ба шоҳ наздик ояд, он ҷомкоса пур созад, дўстгонӣ кунад.
Хоҷасарой медид рафтори шоҳро. Чун шоҳ тахтнишонди худаш буд, бим надошт аз ў. Вале чанд рўзи охир пай бурда, ки шоҳ нағмаҳо бароварда ва чунон мушоҳида дорад хоҷасарой, ки назди Доро нописанд шуда. Аз ин рў мавриду фурсат меҷўяд, то шоҳро боб кунад. Ва гумон дорад, ки беҳтарин фурсат ҳолост ва ғанимат аз даст додан кори оқилон нест. Аз оғози ҷашн, ки як ҷумла кушойиш шуд: «Поянда бод давлати Ҳахоманишиён!»
дигар касе чизе нагуфта ҳама ба хўрдану нўшидан машғуланд ва чунон гумон равад, ки касе андешайи мулку давлатдорӣ накунад...
Хоҷасарой гаштаву баргашта менигарист ба шоҳ, ҷомкосайи дасти ў, ки ягон-ягон ба лаб мебарад ва ба ҷоми тиҳӣ, ки яқин шоҳ мехоҳад касе онро пурмай гардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор