Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вазири боргоҳ ҳукуқи назди шоҳ рафтанро дошт, аз байни мардумон гирд гашта ва ба назар гоҳе калавида, наздик омад ба тахт ва намоз бурд шоҳро. Шоҳ пазируфт таъзими ўро ва ишорайи пеш омадан кард. Хоҷасарой пеш омад ва фармуд:
— Хидматгузорам!
Баъди сар афшондани шоҳ ҷоми холиро аз дасти ў гирифт ва фармуд:
— Шоҳо, маъзур бидоред маро! Бодагусорони шоҳони пешин зебосанамҳойи дарборӣ буданд, чаро имрўз шоҳи Порс дар ин кор заҳмат кашанд?
— Шумо, ки нахондед эшонро? Магар хоҷасарой рашк баранд?
— Ҳаргиз, шоҳам. Замини Порс зери пойи шумо. Кулли санамҳойи ҳурлиқойи ин мулк дар хидмату ихтиёри шумо, – гуфт хоҷасарой ва муғамбирона даст ба сабў бурд, то майгусор бошад. Ба ҷоми шоҳ ва ба ҷоми тиҳӣ хешро бода рехт ва ба Доро дарёзид.
Чун шоҳ ҳама ҳаракатҳойи хоҷасаройро мушоҳида дошт, монеъ нашуд ба майгусорийи ў ва ҷомкоса аз дасти ў рабуда ба сар кашид. Хоҷасарой низ ҷом ба сар кашид ва ҳайрон монд, ки чаро шоҳ оби арғувонӣ мехўрад.
— Ин чӣ шаробест, шоҳам?
— Шароби хоса.
— На. Шоҳи олам набояд чунин шароб хўранд. Мо ки шароби шоҳона дорем, – гуфт хоҷасарой ва дар хидмат шуд. Ҷомкосайи заррини шоҳӣ ва ҷомкосайи дигар бардошту шитобзада рафт ва раҳораҳ нигини хеш бар ҷоми шоҳӣ такконд. Шоҳ аз сари тахт амалиёти ўро бидид, чашм танг карду кина гирифт. Имон овард ба суханони духтараш Гулгун.
Хоҷасарой ҷомҳоро бозовард ва ба шоҳ дароз кард. Доройи III ҷомро аз дасти вазири маккор гирифт ва пурсид:
— Чаро хоҷасарой кўзаро ин ҷо наоварданд, балки ҷомҳоро он ҷо бурданд?
Хоҷасарой чӣ посух доданро надониста, осемасар шуд, ки ҳолиё шоҳ амре бар ў кунад, аз ин рў ҷоми хеш рўйи таши сари курсӣ бозгузошт ва тозон рафт баройи кўза. Шоҳ Доройи III ҷомҳо иваз кард ва ҷоми хосайи хешро баройи хоҷасарой гузошт. Чун ў кўзаро бозовард, шоҳ офарин хонду гуфт:
— Баройи хоҷасарой!
— Баройи шоҳи навқирон, ки мулки фарохи Порс надида чунин шоҳро! Пойдор бошад ин мулк! Хуҷиста бод шоҳаншоҳӣ!
— Самимӣ аст, хоҷасарой?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор