Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Мурғакҳойи чун донайи арзан ба банди дастонаш бардамидаро дида, бимолид дастонашро ва тез гом зад, то даргузарад чунин ҳолат. Ҳарчанд аз одаму одамгарӣ ва некномӣ зиёд меандешид ба таъсиру эътибори устодон, аммо ҳисси интиқом боло мегирифт андар сару дили Искандар ба эҳтироми падар; зеро нақшаҳое, ки падараш Файлақус ба ҷанги Порс дошт, писари ба падар монандро ором намегузошт. Гом зад андар фарш. Лашкаркашиҳойи порсиёнро бо набарду лашкаркашиҳойи мақдуниёну юнониҳо муқойиса кард, камие надид, бартариҳойи сипоҳи Румро дарёфт. Бидамид чун бод, тафсид чун оташ, биғуррид чун шер, бадар рафт чу барқ. Вале дар саҳни диж касеро дарёфт накард.
Чун аз худ бурун рафта буд ва хунаш тез гашта, андешайи илму фарҳанг ва ҳунар дар сар надошт, тахт, шамшер, нерў ва зафар пеши назар меомад. Шамшери афсонавийи Ахилл пеши чашмаш шуоъйи офтобро бозовард ва ҷаҳон пеши назараш мунаввар ва бемонеа намуд. Чун тойи ширмаст сайҳа кашидан хост, то гирд оянд дўстон, аммо тарафи чапи гулўяш аз дарун хорид, тавонист бисурфад. Гўё ҳамин хориши гўлўй ўро ба худ овард ва вазъи кишвар ва сипоҳи хешро биандешид, ки ҳама сомон шуда: мухолифини дохилӣ шикаст хўрда, балвойи юнониён фурў нишонда, мақдуниёни шимолӣ дубора тобеъ гашта. Ҳама эътиқод доранд шоҳро ва дар андешайи муборизайи якҷояанд...
... вале чизҳойи дигаре ҳаст; ҳанўз ҳам хавфи сарбозони зархариду кирояйи юнонӣ дар Порс кам нашудааст...
Искандар умед ба дигар чиз низ баста буд: бар он ки шаҳрҳойи эллинийи дар Осиёйи Сағир бударо мутеъ мегардонад ва юнониёни ин мавзеъҳоро бовар мекунонад, ки маликуррум баройи озодийи эшон мубориза мебарад. Вале аз ёд дода, ки Иттифоқи Финикияву Порсро барҳам задан кори саҳл нест, зеро порсҳо дар размҳо артиши ҳарбийи финикиҳоро истифода мебурданд ва лашкаркашийи юнониён як навъ паймоншиканӣ буд. Искандари тезхун ин ҳамаро дониста лашкар кашид сўйи Осиёйи Сағир.
Ва ин замон андар Зелея машварати сарони ҳарб мегузашт.
Сипаҳсолори пурдида ва набардозмудайи Порс Мемнони фидокор ҷон мекоҳонд ва ба порсиён мефаҳмонд, ки лашкари пуриқтидори Мақдуниёву Юнон дар остонайи Осиёйи Сағир ҷойгир аст ва набард кардан бо эшон кори саҳл нест; эътибор надоданд ба ҳарфаш.
Ў дод мезад: «Мо бояд ақиб нишинем ва фурўтар равем ба Осиёйи Сағир». Низомиёни бузургсол гўш надоданд. Гуфтанд: «Зиёд аст сипоҳи Порс». Онҳо шумори сипоҳро зери назар доштанд, вале озурдадиливу ранҷҳойи сипоҳиён, дудилагии эллиниёни кирояро ба инобат нагирифтанд. Гўё сипоҳи шашсадҳазорайи Порс тақдиру қисматро ҳал хоҳад кард...
Ва баҳор буд. Баҳори се саду сиву чаҳори то милод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор