Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

КИТОБИ ДУВВУМ
БаХши САВВУМ
БаНди ЯКУМ
Искандари зираку доно пеш аз он ки лашкар ба Порс кашад, бори дуввум «Курушнома»-йи таърихнигори юнонӣ Ксенофонтро хонд, то аз таърихи шоҳони Порс, тоҷу тахтдорӣ, маросими тоҷгузорӣ, базму сур ва маргу дафни онон, дину оийни порсиён, набарду майдондорийи ялон, сипоҳу сипаҳбадон, лафзу қавли мардум ва рафтору кирдору гуфтори эшон ва бисёр чизҳои дигар огоҳ бошад.
Зиёд омўхт ва Куруши Кабирро баройи хеш кашф кард. То ҳанўз Геракл мегуфту Ахилл, инак дар радифи номи қаҳрамонони юнонӣ номи қаҳрамони таърихийи Порс Курушро гузошт ва андешид, ки чаро ба номи Куруш илова кардаанд ҳарфи Кабирро. Дар фароварди китоб ба андеша рафт: маросими тоҷгузорӣ ва дафни Курушро ба ёд овард ва эҳтироми мардумро дарёфт. Се ҷанги бузурги ўро аз пеши назар гузаронд, ойини пайғамбарӣ доштани ўро пазируфт, ба Зулқарнайн лақаб гирифтанаш заҳрханда кард ва ба фикр рафт, ки чаро Курушро бо он қадар зарру хоста андар дахма гузоштанд; хеле андешиду фикр кард андар ин боб ва дандон соийду мушт сахт кард. Чунин ҳолати шоҳи холихазинаро шарҳ додан саҳл нест. Чашм танг кард. Анҷоми набарду користонҳо ва давлатдориву бузургийи Курушро напазируфт, ки бо чунин ақлу заковат ва бузургиву донойӣ ва сипоҳи пархошгару размӣ ба доми фиреб афтода, бо дасти як тан зани сакойӣ – Томириси писаргумкарда кушта шавад ва сари буридайи ў ба хуни хум ғарқ гардад. «Ба соне, ки куштӣ, мемирӣ...» аз дил гузаронд шоҳи ҷавон ва «Курушнома»-ро ба пештахтайи тирезайи меҳробшакл гузошта бархост ва гом зад пасу пеш, ки оқибати набард ва хунхорӣ нек набошад. Боз назди Устод бояд бирафт ва мактаби Суқроту Афлотуну Аритотолисро идома бояд дод... Сари Курушро ба хуми пурхун андохта, «Сер шав аз хун» гуфтани малика Томирис сахт расида буд Искандарро. Лаҳзае чашм пўшид, анҷоми зиндагийи хешро чунин тасаввур карда, ларзид танаш, раъша давид бар танаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор