Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Сипоҳи Рум ба ду самт рў оварда, дўш ба дўш истода ҷанговарони порсиро пушт тела медоданд ва пас менишонданд. Ҳарфи сипаҳсолор Пармониёнро дар гўш ҳалқа карда буданд, ки дар фурсати танг як тан сад тан ва як зарра нерў бояд ҳазор зарра бигардад.
Чун фавҷи порсӣ ба ду самт пас нишаст ва миёна холӣ шуд, мошинҳойи деворшикан ва болорҳойи гаронро паси девори дуввум оварданд, манҷаниқ устувор карданд ва арродаҳоро бар сари бораҳо мустаҳкам. Он сўйи девор лангаргоҳи даруни диж буд ва шикастани девор чандон бароре надошт. Бо вуҷуди он девор мешикастанд, манҷаниқ санг меандохт, аррода санг мепошид ба ҳаво, то ёройи пеш омадани душман набошад.
Андар лангаргоҳи даруни диж киштиҳойи шикаставу ворафта, чанд киштийи тасодуфан ба меҳмонӣ омада ва киштийи шаҳрдори шаҳри Милет Гегесистрат буд, ки ҳеҷ яке илоҷи гурез надоштанд ва наметавонистанд бо киштиҳойи ҷангийи Порс ҳамбодбон гарданд.
Нохудоёни киштиҳо низ ба ҳукми мурда буданд. Дуртар аз димоғайи Микола Мемнони сипаҳсолор ҳамаро медид, аммо лоилоҷ буд. Киштиҳойи дар нимароҳ монда наметавонистанд киштиҳойи лангарандохтайи эллиниро аз сари роҳи хеш бардоранд.
Мемнони сипаҳсолор гумон надошт, ки дижи ношикастанийи Милет ба чунин зудӣ мешиканад. Роҳ кушода шуд ба лангаргоҳи дохили қалъа, вале ҳоло ҳам аз ду ҷониби миёни деворҳо садойи ба сипарҳо бархўрдани шамшерҳо меомад. Овози чакочуки афзори ҷангӣ дар деворҳойи шикаста акси расо надошт, балки садоҳо зуд мешикастанд; айби сўрохҳо, роғу рахнаҳо ва шикастаҳойи деворҳо буданд. Чун Мемнон дид сипоҳ пас нишаста, аз дарвозайи паси диж бо роҳи хушкӣ рў ба гурез овард, ноумед гашт ва зуд сари киштиҳоро гардонду пас хазид, то оташи ҷангро дар паси лашкари румӣ, дар шаҳрҳойи эллинийи Осиёйи Хурд барафрўзад. Ва юнониёнро ба қиём овард бар зидди Искандар. Киштиҳойи артиши баҳрийи Порс ба сони чўҷаҳойи мурғобӣ шиновар гаштанд рўйи баҳри Миёназамин. Ҷазирайи Лада пас монд. Ва то ҷосусони Пармониёну Искандар хабар оварданд, фурсати зиёд гузашт ва киштиҳойи ҷангийи порсӣ дар лангаргоҳҳойи ҷазирайи Хиос лангар андохтанд. Сарбозони кироя зиёд хариданд ва ҷанг оварданд дар шаҳрҳойи Антисса, Мефимна, Эреси ҷазирайи Лесбос. Чун шаҳрҳо ба даст омаданд, шаҳри Митиленаро муҳосира карданд.
Чун шўҳрати ҷангҳойи Мемнон овоза шуд, сарони ҷазираҳойи наздику дур пайк фиристоданд назди сипаҳсолор Мемнон, шодбошҳо низ гуфтанд.
Сипаҳсолор Мемнон бе иҷозати шоҳ Доро ҷангро ба шимолтар бурданӣ шуд, то Искандар аз лашкар кашидани Мемнон ба сўйи Юнону Мақдуниё воқиф гашта, аз юриши Машриқ бозгардад...
Мемнон дар ғарибиҳо номайи шоҳ Дороро гирифт ва хушнуд гашт, ки шоҳи Порс ёд карда сипаҳсолорро ва чун донист, ки шоҳаншоҳ ўро сипаҳсолори кулли баҳру бар хонда, надонист, чӣ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор