Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҳол он ки Фарнабоз нияти ба Мақдуниёву Юнон рахна заданро дорад.
Ғамӣ гашт Фарнабоз, вале ба фиристода рўшан накард. Ва ба худ гуфт: «Бори дуввум аст, ки шоҳ Доро ба ман зарба занад. Бори аввал дар Шўройи низомиён, ки номзадийи маро дастгирӣ накард ба сипаҳсолорӣ ва ин бори дигар аст, ки сипоҳи маро рабояд, сустнерўям кунад... Магар ҳарфе ҳаст ин ҷо? Магар биме дорад аз ман?» Чун илоҷи дигар надошт, сипоҳ фиристод.
Доройи III аз кишварҳойи қаламрави Порс сипоҳ фаро хонд.
Чунон ки Харидем маслиҳат дода ва шоҳ маслиҳати ў напазируфта, баъди маргаш афсўс хўрда буд, зарри хазинаро сарф кард баройи харидани сарбозони кироя. Гурезагони юнониву мақдунӣ низ ҳамроҳ шуданд ба сипоҳи Доро. Сипаҳбад Аминтайи пури Антиох аз дасти Искандар фирор карда, хешро дилсўзу ёвари шоҳи Порс хонд ва даъвийи лашкаркашӣ низ кард.
Вале чун Доро ба фавҷҳойи юнониву мақдунӣ ширк дошт, наметавонист бипазирад пешниҳоди ў... Рўзафзун буд сипоҳи Доро:
шумори лашкар аз дувист ҳазор гузашт. Ва ғарра шуд Доро ба шумори сипоҳ ва нанг донист, ки лашкари Искандарро андар тангнойи Киликия, ки дарвозайи Киликия мегуфтанд, торумор накунад. Ва ин роҳу манзараҳойи зебо, марғзорон, бешайи махуф, шахҳойи баланд, дараву кўҳҳойи касногузарро хубтар аз сатрапи Киликия дигаре намедонист. Ҳокими Киликия Арзам, ки дар Шўройи низомиёни Бобулистон ширкат надошт, намедонист нақшаҳойи Дороро. Ба ҳар тақдир Арзам андар тангнойи кўҳ банд андохт, то лашкари Искандар убур карда натавонад...
Ва ин замон Искандари мақдунӣ хайма зад андар Тавр ва иттилоъ гирифт аз ҷабҳаҳойи Порсу баҳри Эгей. Воқиф гардид аз маҷлиси Шўройи низомиёни Порс, хабар ёфт аз суст шудани нерўйи Фарнабоз дар баҳри Эгей. Огоҳ гардид аз фаро овардани Доро сарбозонро ба зарри хазинайи порсӣ ва дарёфт, ки Доро маъво дар Бобулистон дорад... Тасмим гирифт фурўтар равад ба Осиё.
Аз ин рў маликуррум низ Шўройи ҳарбӣ даъват кард, то сипоҳро огоҳ гардонад аз омодагийи порсҳо. Искандар аввалин бор чун лашкаркаш, чун шоҳ, чун файласуф ва чун ҳомию дилсўзи Мақдуниёву Юнон суханронӣ кард: аз гузаштаву имрўза ва фардойи давлату мамлакат, аз фардони фарзонайи он, аз пирўзийи ҷанговарон, қаҳрамонон ва нерўмандийи мардон ҳарф зад... Муҳимтар аз ҳама он буд, ки таъхир накунад ба ҷанги зидди порсиён...
Кўҳу даман, бешаву марғзорҳо ва роҳҳойи пурхатарро паймуда, лашкари Искандар то ҷое расид, ки сатрапи Киликия Арзам садд гузошта буд. Тангно ҷойи ҷанги рўёрў набуд. Бозистоданд мақдуниён. Тадбир андешид шоҳи шабрав, сахт омода шуд ва ҳама фавҷҳоро огоҳ карда, шабохун зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор