Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба падарат рафтайӣ, шоҳдухтар.
— Пас фарзанд бояд ба кӣ биравад? Ман духтари ҳалоли Доростам.
Искандар кинояйи ўро дарёфт, ки ба унвони ў мегўяд ва равшан кардан хост:
— Магар касе духти ҳаром низ гуфта?
— На. Маро на... вале дар дунё ҳаромзодагон зиёданд.
Хиҷолат кашид Искандар ва баройи он ки нишоне дар симояш аз ранҷу шубҳа ҳувайдо нагардад, заҳрханда кард:
— Оре, бону... Ман низ зиёд шунидаам: Курушро баччайи саг гўянд, Искандарро писари Жупитер хонанд... ва кӣ бовар кунад ба чунин афсонаҳо?
— Бовар накунанд. Ман ҳам бовар надорам, ки шумо писари кадом ҳоҷиби якчашма бошед.
— Чӣ-ӣ-ӣ!!!
Дод зад Искандар ва ҳамон замон бахшиш пурсид:
— Пўзиш мехоҳам. Ман чунин тарбият наёфтаам, ки ба зан дод занам, вале ин ҳарфи бону маро малўл кард. Бигўед, ки ин ҳарф аз куҷост?
— Агар шоҳзода қавл диҳанд, ки ба ҳар сухан малўл намешаванд, ман донистаҳоямро гўям.
— Қавл диҳам, ки чунин бонуйи Порс на танҳо бо сухан, ҳатто бо теғ маро кушад ҳам, малўл нагардам.
Гулгун табассум кард ва фармуд:
— Чаро вақте ки падаратонро якчашма гуфтам, аз ман ранҷидед?
— На. Аз якчашма гуфтанатон на, аз ҳоҷиб гуфтанатон. Падари ман ҳоҷиб набуд, шоҳ буд. Шоҳ Файлақус. Ва лақаби якчашмаро аз он ҷо гирифт, ки дар ҷанг як чашмашро зада кўр карданд...
Ҳарфҳойи Искандар баройи Гулгун аҷиб набуд, балки ў ба хаёл рафта буд ва худ ба худ мегуфт: «Чаро ин ҷавонмарди марзҷў дар пардасаройи падари ман аст?» Боҳуйро ёд кард бону. «Агар буд, илоҷи чунинонро меёфт. Ҳолиё бояд илоҷе пайдо кард».
— Бону чӣ андеша доранд?
Як қад парид Гулгун ва сар ҷунбонд: «Андешае надорам!».
— На... Андешае ҳаст! Бону парешон ҳастанд.
— На, ҳавойи саропарда камӣ кунад...
— Ҳавойи баҳр сард аст, вагарна метавонистем бурун биравем.
— На. Шумо ин ҷо бошед, ман бурун биравам.
Искандар чизе нагуфт, балки чашм танг кард: «Асираро кӣ гузорад, ки бурун равад?» Ва ба сипоҳӣ гузашт:
— Аз сўҳбати ман дилатон гирифт?

пешина
аз 390
навбатӣ