Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На, шаҳзода.
— Хоҳиш мекунам, дуруст ҳарф занед. Дар тифлиям шоҳзода будам, ҳоло шоҳ ҳастам.
— Пўзиш мепурсам. Азбаски бисёр ҷавон метобед, шоҳзода гуфтан муносибтар аст нисбат ба шоҳ гуфтан. Ба назари ман шоҳон бузургсол тобанд. Фарру шукўҳ доранд. Вале шумо чунон оддӣ ҳастед ва хоксор тобед, ки кас ҳайрон монад. Хоксорона тоҷ ҳам бар сар нагузоштаед. Пўшокатон ҷанговарона... Танҳо.
Одатан шоҳон дар чунин ҳарамҳо канизакони зиёдро гирд оранд ва базм ороянд, майгусорӣ кунанд... ва ман чунин шоҳи хоксорро бори нахуст мебинам... Шумо аз шоҳ дида ба лашкаркаш бештар монанд ҳастед...
Искандар дандон ба дандон монда суханони бонуро гўш дод ва аз зеҳн гузаронд; каф кўбад ва фармояд ин зани киноягўро бурда назди сарбозон ҳашар кунанд. Вале нахост аз чунин ҳусну малоҳат дигарон ҳаловат баранд. Сухан дигар кард:
— Ман дарку фаҳм кунам алами шуморо, бону. Вақте ки падари маро низ куштанд, чандин рўз ба худ наомадам, ки аз наздиктарин кас ҷудо шудам ва мўя мекардам, ки маро низ назди падарам бубаранд. Вале чӣ метавон кард.
— Шумо, ки гуфтед: «шоҳ Доро зинда аст!?»
— Оре, алъон зинда.
Гулгун метавонист зиёд бипурсад, вале «ҳарфи зиёд маънӣ назод» гуфт дар дил ва хомўш монд. Искандар низ ба умеди сухани бону хомўш буд ва ба забонаҳойи ларзони шамъ нигоҳ карда, чун сиришк бар қади шамъ шоридани муми гармро дида, андешид:
«Хона равшан карда мемурад, ашк гашта, ба қадри хеш сўхта мемурад ин шамъ; киро ғами он аст. Вале ман натавонистам ақаллан роҳи падар равшан бикунам.»
— Падарро дўст доштед, бону? – аз бом тароша пурсид Искандар.
— На... – қасдан чунин посух дод Гулгун.
— Чаро? Ў падар-ку?
— Зеро Искандар ўро ба худ душман меҳисобад ва чунин ҳам буд. Ман, ки Искандарро дўст дорам, ўро чӣ гуна дўст дорам?
— Ай маккора, чӣ гуна бувад, ки маро надида ва надониста дўст доштӣ?
— Шўҳрати зебойӣ, бузургӣ ва ҷавонмардийи Искандар аз Коф ба Коф рафта. Дунё ўро донад. Баъд шоҳзодагон ва шоҳдухтарон кам аст, ки дида меҳр банданд. Онҳо аз рўйи шўҳрат ва овозайи ялону шоҳзодагон ва ё ҳурлиқоҳо ошиқ шаванд.
— Пас бону ошиқи ман ҳастанд?
— Бале!
— Пас Искандар метавонад ком бардорад?

пешина
аз 390
навбатӣ