Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд чунин ёри мувофиқ ба ҳар кас муяссар нагардад.
Бону бозидан мехост. Се тани танҳоро дарёфт: шоҳ, шоҳдухтар ва моҳ. Шоҳ ҷуфташро ёбад, шоҳдухтар низ, вале моҳи танҳогард ба ёди кӣ ин қадар пўёву ҷўё бошад? Шоҳзодайи ҳайрон чӣ хавфе бурд, ки пеш наомад, балки баргаштанӣ буд. Гулгун санг андохт ба дарё. Шишайи баҳр шикаст ва моҳи даруни дарё лапиду шикасту ғайб зад. Искандар дид чунин ҳолро ва қадам аз рафтан боздошт. Нигарист ба баҳр, ба моҳи шикастайи лаппон, то оне ки боз лаълийи мис рўйи об шиновар шуд. Тааҷҷуб дошт Искандар ба офариниш: «касе офарида ва ё аз азал буда: чаҳор унсуру одаму наботу ҳайвон. Сабза рўяд аз обу хоку офтобу ҳаво, ҳайвон хўрад онро, инсон хўрад ҳайвонро, хок хўрад инсонро...»
Сангчайи дигар ба дарё зад. Об лаппид, моҳ шикаст, гум шуд, пайдо гашт. Гўё бону ба ҷуз бозӣ ғами дигар надорад. Аз ёд рафта ғами падар, ҳолу аҳволи модару бародару хоҳарон ва канизакҳо.
Шояд баройи канизакҳо хуб бошад, ки аз сарбозон ёр гиранд, вале баройи модар ва бародараш мушкил аст. Чунон ки вақти бозийи ў расида.
— Бону!
Боз садо дардод Искандар ва ҷавобе нашунида, тааҷҷуб кард, ки бонуро на сари чунин бозиҳо, ғамаш фузун ва шояд ўро фирефта фирор карда бошад. Мулки худаш, раҳу рўро донад: «Бону!» ва нашунавад ҷавоб. Гумон дорад, ки сангро ба дарё Тойис андозад. Гетери нозанин ўро гуфта аз баҳри давлату дороийи падар баромада, нагузорад ўро қадаме танҳо. Онҳо умедворанд, ки шоҳ пирўзӣ ҷашн гирад, то хушнудӣ кунанд.
— Бону!
Ва бону дарёфт, ки нозебост бозиаш. Зеро ў на хуррамӣ, балки ғусса дорад. Мўйи тофтааш, ки зери камзўли сиёҳи зардўзӣ барқад буд ва ҳоло Искандар аз он огоҳ нагашта буд ва кам занон чунон гесўро эҳтиёт ва саришта карда метавонистанд, боло кашид, сари синайи чап ҳамойил кард ва хост тозон назди малик биёяд, аммо худдорӣ кард. Гесўйи дароз печонд ба банди даст, боз кушоду печонд ба гардан ва якбора фикраш ба куҷо рафт, ки ноумед гашт аз дунё, яъс фаро гирифт ўро. Сахттар кашид таноби гесўро. Чашм пўшид, сахттар кашид. Сурфааш омад. Боз сахт кашид: «Якбора бираҳӣ аз ҳама балойи олам...» Ва сурфид ва ғарора кард.
Искандар шунид сурфаву ғарорайи ў ва зуд омад. Таноби печонро бар гардани Гулгун дида ҳайрон шуд ва якбора дошта кашид. Ў такон хўрд, паҳлў зад, вале вазнаш бар мўйи дасти Искандар монд. Искандар чун донист, ки таноб гесўйи ўст, даст каҷ карда аз миёни ў гузаронд ва бардошт. Гулгун рост нашуд, балки дароз кашид рўйи рег. Гўйӣ беёд.

пешина
аз 390
навбатӣ