Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Баройи Искандари Мақдунӣ будан ё набудани як бути арман чандон аҳамияте надорад, аммо ў чун шоҳи ҷавонмард нахоҳад бону рўйи дастонаш бимирад.
— Бону, ин чӣ муаммост?
— Мурдан форад, шоҳзода...
— Аз чӣ рў?
— Давлати бузурги Ҳахоманишиён анҷом пазируфт ва будани ман маънӣ надорад.
— Ҳунари раммолӣ низ дорӣ, бону?
— На. Ман воқеъбин ҳастам. Искандари Мақдунӣ ҷаҳонгир хоҳад шуд ва ҳама сатрапу шаҳрдорҳоро сар хоҳад гирифт.
— Искандари Мақдунӣ сар нагирифта натавонад ҷаҳонгир бошад?
— На.
— Чаро?
— Ўро ба ин кор маҷбур мекунанд.
— Кӣ маҷбур мекунад?
— Онҳое, ки ба осонӣ ҷон додан нахоҳанд.
— Яъне, порсҳо?
— На танҳо порсҳо, юнониҳо низ... ва бохтариҳо ва суғдҳо ва саккҳо. Чунон ки он рўз ба Зулқарнайн пеш омада буд.
— Ба Зулқарнайн?
— Бале ба Зулқарнайн – ба пайғамбар Куруши Кабир.
— Ман ин қиссаро донаме, бону, шумо баройи ман қиссаҳойи тоза гўед.
— Қиссайи тоза?
— Бале, бону!
— Қиссайи тозаро ҳанўз иншо накардаанд. Қиссайи тоза қиссайи Искандару Доро хоҳад буд.
Искандар мулоҳиза кард: «Рост гўяд ё киноя аст?»
— Кӣ бояд бинависад қиссаро?
— Ровиёни ахбор ва нигорандагоне, ки шоҳзода бо худ оварда.
— На. Онҳое, ки бо Искандар омада, рўзнома нигоранд. Қиссаро бояд Аристотолис бинависад... Ва омадани Искандар чӣ қисса дорад?
— Пирўзийи Искандар ва ҳазимати Доро.
— На, ин қисса нест.
— Искандар ва духтари Доро...
Маликуррум мутаваҷҷеҳ гашт ва чизе нагуфта бонуро рўйи даст бардошт ва рафт сўйи баҳр.
— Агар Искандар бонуро ба дарё афканад, қисса шавад?
— Бале, қисса шавад, аммо қиссайи бадномийи Искандар.
Искандар бояд чунон бикунад, ки достони некномӣ ва муҳаббати беназири ў бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор