Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Дидаам ҳангоми набард, вале надидаам, ки бо зан хашм гирифта бошад.
— Агар ў хашм гирад, тафовуте нест, ки бо кӣ хашм гирифта.
Ба хусус имкон надорад, ки мо дар чунин ҳолат ба пардасаройи шоҳ дароем. Шоҳдухтари порсӣ бо ўст. Ғазаби маро наёр, Тойис, бифаро!
— Ту низ аз ман рў тобӣ?
— Касе аз ту рў натофта, Тойис. Ту мавридшинос найӣ. Ин ҷо бош, сандуқро дарорам, пасон бо ту биравам.
Тойис раҳо кард ўро, аммо наистода, тозон ба коми торикӣ фурў рафт.
Овардгоҳ пешин чӣ мағал дошту хуфтан чӣ ором аст. Чунон ором, ки Битоломус намехоҳад садо бароварда пурсад, ки сандуқро дарорад ё на. Зеро намехоҳад беодобӣ шавад, ҳарчанд худи шоҳ рухсати даровардан дода. Битоломус ба оне, ки сандуқи гаронвазнро ҳамроҳаш оварда буд, фармуд бо талоя ганҷинаро дароранд.
Онҳо сандуқро дароварда, аз ҳаяҷон ҳатто ба шоҳдухтари рўйи рахти хоб гесўвонашро парешон карда зеҳн намонда, зуд ба дар рафтанд. Ва Искандар ҳайрон шуд, ки чаро Битоломус надаромад.
Сар бурун овард аз парда ва ҷўё шуд ўро:
— Битоломус, куҷо шудӣ?
— Ин ҷо ҳастам, Александр. Фароғат бикун, фардо субҳ меоям.
— Зинда бош!
Ва Искандар баргашта дид, ки чун шоҳдухтар ба сандуқи шинос менигарад. Дароз нигарист ба ганҷина ва баъд ба Искандар.
Гулгуни зирак, ки ҳама чизро аз даст рафта медонист, созиш кардан хост. Зуд ваҷоҳаташро дигар кард ва дар лабонаш табассум дамид:
— Ба шоҳи ҷавонбахт ва марзҷў тақдир карда будаст. Насиб кунад.
Искандар сар ҷунбонд ба маънийи миннатдорӣ ва гесўйи парешони ўро ҳавас кард, ки чун дастайи парешони сунбул фаро гирифта будаш. Хуни гарми шоҳи ҷавон ба ғалаён омад. Аммо ҳайрон буд чӣ бикунад. Зеро дар ду тараф ганҷ буд. Ва баройи он ки дар назди шоҳдухт пастиву ҳарисийи хешро вонамуд накунад, нишаст бар сандуқ ва гўё шефтаву шайдойи Гулгун бо муҳаббат зеҳн монд.
— Хубтарини хубтаринҳо ҳастӣ, бону... Ганҷи бебаҳо!
— Ганҷи бодовард, шоҳзода. Ганҷи авон зери пойи шумост.
— На. Баройи ман беҳтарин ганҷ ту ҳастӣ...
— Ташаккур, шоҳзода. Лекин кушоед сандуқро ва бубинед чӣ ганҷест.
Дар андешайи Искандар буд ин кор, вале худро ҷавонмард дониста, шарм мекард бикушояд. Зеро порсиён, ки маликуррум баройи зарри Порс омада, мегуфтанд, ба гўши ў расида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор