Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агар Тойис сустийи шоҳ Искандарро пеши зан донад, Битоломус ғазаби ўро вақти найрангу макру ҳиял ва ё фиреби ёру бародар медонад. Ба вижа ҳоло, ки вақти хушнудийи ўст ва шоҳдухтари порсӣ писанд омада ўро, халал овардан бадтар аз ҳама гуна узру гуноҳ аст. Шоҳзодайи мисрӣ намехоҳад хидмати хирсона бикунад.
— Дарёфтам, ки маро дўст надорӣ, Битоломус...
— Сабр бикун, Тойис. Ту низ ин корро на баройи он бикунӣ, ки маро дўст дорӣ. Ҷуръатат аз он аст, ки қасос бигирӣ аз шоҳ.
Ва агар ман донам, ки аз баҳри ҳама чиз гузарӣ, ҳатто аз шоҳ ва маро дўст дорӣ, таваккал бикунам.
— Дўстат дорам! Дўстат дорам! – банди пойи рилтанро оғўш карда баланд гуфт, то ҳама шунаванд ва Искандар низ.
Садо ба гўши Искандар расид, овозро шинохт ва парешон шуд. Ҳанўз ҳам бонуро рўйи даст медошт ва оҳиста ўро бар рахт гузошт ва қомат рост кард. Ба худ кашид ҳарфи Тойисро. Зиёд истод рўйи саро. Намедонист чӣ бикунад. Бурун ояд ё паҳлўйи нозанини хуфта ёзад.
— Шароби талх мехоҳам! – боз шунид садойи Тойисро Искандар ва дарёфт, ки девонагӣ дорад, ҳамроҳи зан ба пардасаро даромадани ўро дида бехудӣ кунад тоҷирдухтар.
Сар бурун овард аз пардасаро Искандар ва дид, ки чун ба гардани Битоломус худро овехта Тойис.
— Хазина овардем, шоҳам! – пештар садо дод шоҳзодайи мисрӣ ҳам баройи хабари хуш буданаш ва ҳам баройи он ки хешро аз хиҷолат барорад. Зеро медонист, ки дўст доштани ў тоҷирдухтарро аҳамият надорад; Тойис ба Искандар майли зиёд дорад...
Ҳарчанд сари чанд вақт шоҳ онҳоро «ошиқони печон» мегўяд, Тойиси нозанин аз они султон аст. Тойис ҳамойил аст бар гардани Битоломус ва қасдан намефарояд, то Искандар бубинад ва рашк барад. Вале шоҳ ба ў эътибор надод, чунон ангошт, ки дар тирагийи моҳи ғуруб чизеро намебинад. Фармуд:
— Бидароред хазинаро! Боқӣ ба ҳама ҷавоб! Ба ҷуз талоя!
Тойис хаёли хом карда буд: Искандар аз хусуси ў чизе нагуфт, рашк ҳам накард. Гетер ба гардани шоҳзодайи мисрӣ сахттар часпид.
— Раҳо шав, Тойис, сандуқро дарорам! – хоҳиш кард Битоломус.
— Ҳамин хел бидарор – Битоломус, ту пилзўр-ку!
— На, раҳо бишав, агар ҳамин зайл дароем, Искандар ҳам маро бикушад, ҳам туро.
— Бикушад...
— Ман бо чунин ҳол сандуқро бардошта натавонам. Магар ту хашми Искандарро надидайӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор