Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Киноя, лутф, панду андарзҳойи бону ба дилаш зад. Шунидан нахоҳад дигар. Бори дигар даст ёзид, то ҷавсакҳойи қабойи заррини ўро канад, аммо шоҳдухтар иҷозат надод... Хашм гирифт Искандар ва шўхиомез вазни хешро бар ў андохтан хост. Бону бо ду даст вазнаш боздошт ва тела бидод. Ў паҳлў биафтод ва наъра бизад:
— Асира ҳастиву бас!
Ҳайрон шуд Гулгун, вале тасдиқ накард ҳарфи ўро, балки ором истод ва мулоҳиза кард, ки чӣ маънӣ дорад фарёди ў ва таънааш.
— Инро таъкид кардан шарт аст, шоҳзода?
Искандар, ки зуъм дошт, посух надод ва Гулгун боз ба чӣ маънӣ киноя зад:
— Гумон дорам, ки шоҳзода аз тойифайи «барбарҳо»
нестанд!
Сахт расид ба Искандар кинояйи ў ва дасту пояш суст шуд.
Худ ба худ шукр кард, ки шароб нахўрда, вагарна душмандухтро чаҳорлахт мекард.
— Шарт чунин буд, ки ба бародарат нарасам, аммо шарте набуд, ки ба ту низ нарасам, шоҳдухтари порсӣ! – низ киноя буд аз ҷониби Искандар ба «барбарҳо» гуфтани Гулгун.
Искандар пуршаст бархост, тоҷи мукаллал бар сандуқ андохт, ҷомайи фохира аз тан канд бо камарбанди заррин он ҷо гузошт ва Гулгунро фармуд:
— Бархез!
Гулгун ин бор сухани шоҳ нашикаст. Чоки гиребон ҳамвор кард, мўйи парешон бофт, то андармон шавад ва вақт гузарад, то малик боз чӣ гўяд. Якто бибофт гесўяшро, чунон ки вақти паси буттайи газ худро ҳаф андохтан чунин ғафс бофта буд. Паси сар андохт. Чунон оҳиста ин корро анҷом дод, ки чӣ хостани Искандар аз ёдаш рафт. Гулгун нигарон буд фармон ё бозхости ўро.
— Бичин! – ишора ба зарҳойи парешон кард Искандар.
Гулгун ба зону нишаст, ду каф пур аз зар кард ва сари по шуду аз нав зар бар қади шоҳи ҷавон рехт. Искандар ба ҳаяҷон омад ва баъд ба ваҷд, ки оғўш кунад бонуро ва аз нав бар рахти шоҳӣ хобонад. Вале ба нохуни нарангушт нигарист, то шасташ паст шавад. Вале Гулгун корашро идома медод: аз сари шоҳ зар мерехту мечиду мерехт.
— Чаро чунин кунӣ? – ба оштӣ сухан кард Искандар.
— Мехостам то гулўйи шоҳзода ба зар гирам, афсўс, зар кифоят накунад.
Искандар ба паҳлўҳойи ҳарфи бону ва ба умқи он расиданӣ мешуд, гоҳ дармеёфт маъниҳоро, гоҳе на. Ва ин бор, ки Гулгун аз сари шоҳ зар афшонд, ў дастони шоҳдухт сахт дошт, пеш кашид.

пешина
аз 390
навбатӣ