Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Пасон аз зери бағалаш даст дароварда ба танг кашид, бардошт ва бурданӣ шуд боз ба рахти ноз. По заду даст ва гуфт:
— Сабр бикун, шоҳзода, сабр беҳтарини хислатҳост.
Вале Искандар сабр накард. Балки хешро ҳақир медонист агар он корро накунад. Бонуро барафканд бар рахт. Шамъҳо лаппиданд. Пиндошт шоҳ, ки аз ҳавойи ҳаракоти сахти ўст, вале аз берун садойи сахти боди тирамоҳ омад, ки саройро низ ларзонд.
Боди саборо намемонд, балки таҳдиде буд. Искандар хавф кашид, диққат дод ба бод ва фоли бад донист, ки ҳамин ҳоло бардорад хиргоҳро ва зар парешон монад. Беихтиёр аз буни гардани атрогини Гулгун бўсиду бўйид ва бархост. Ба Гулгун хуш омад чунин рафтори малик ва пуршаст хест, зону зад назди сандуқ ва каф-каф зар бардошта меандохт ба хазина.
— Фардо маросими тоҷгузорӣ шавад, шоҳзода? – андаке аз ганҷчинӣ бозмонда пурсид Гулгун ва Искандар бо садойи дупўста посух дод:
— На-а.
— Чаро?
— Ҳоло, ки оғози пирўзист, Мақдуниёву Юнон ҳанўз бар Порс пирўз нашуда.
— На, шоҳзода, пирўз шуда... Падари ман – Доройи III бо чунон мардӣ ҳазимат кард...
Ва натавонист идомайи сухан бигўяд. Об дар чашм гирифт ва ғамбода дар гулўй. Ганҷ аз дастонаш рехт, гўйӣ сармойи берун дастонашро гирифта буд, ки гиройӣ надоштанд ва чида наметавонистанд ганҷро.
Искандар ҳолати ў бидид, аз хусуси падараш чизе нагуфт, балки ғайри чашмдошти ў фармуд:
— Бону, ман туро ба яке аз сипаҳбадон хоҳам дод...
Гулгун пуршаст ба рўйи Искандар нигарист ва сар афшонд:
— На. Ман ҷуз шоҳон бо касе насозам. Шавҳари ман шоҳ буд. Чун вазири маккор Боҳуй ўро заҳр дода бикушт, сайиба шудам. Ва мебинӣ, ки то имрўз ҳаваси мард накардам. Хуб аст, маро озод бикунӣ.
— Ба д-он намонад, ки марде мор аз оташ гирифт ва озодаш кард, мор бар гардани ў бипечиду гуфт: «заҳрат занам!»
— На, ин ба д-он намонад. Ва Искандар аз онҳое нест, ки мор бар дўш барад.
— Пас озодат кардам, бону!
Гулгун чашмдор набуд. Зеро чунин озодӣ маънӣ надошт. То куҷо озод кунад ўро? То назди модару пайвандон ё раҳойӣ аз саройи шоҳӣ?
— Чӣ гуна бувад ин озодӣ?
— Ҳар гунае дилат хоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор