Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

БаХши ЧАҲОРУМ
БаНди ЯКУМ
Коллисфени таърихнигор имшаб тамоми шаб нахусбид, то заррае аз ҳодисоту воқеъоти дўшинро бинигорад, зеро оварду овардгоҳи дирўза он қадар навиштаниҳо дошт, ки умри инсон кифоят надорад баройи рўйи коғаз оварданаш. Шамъи хаймайи дабир дарозтар аз шамъи хиргоҳи шоҳӣ сўхт. Аммо Коллисфен чизе нигошта натавонист, танҳо фикр кард, ки ин хунрезиҳо то куҷо барад инсониятро? Ў бисёр чизҳоро диду донист, вале кирдореро, ки дуртар аз хаймайи ў дар пардасаройи шоҳона рух дод, пай набурд. Ў чизҳойи дигарро навиштанӣ буд: набарди шадиди дўшина, мурдаҳойи зиёд, фирориёни беҳисоб, танҳойи бесар, асбони бесоҳиб фирори Доро, таъқиби Искандар, талаву тороҷ, ғаниматҳойи ба даст омада, суду зиён, талафоти тарафайн, шумори таланту фунтҳойи нуқра ва ҳисоби мурдаҳову асирон ва он чӣ рўзи набард рух диҳад. Боз зери назар дошт, ки фардо шоҳи ҷавон ба дафни мақтулон фармон медиҳад ва баъди ба хок супурдани мурдаҳо, гўйӣ, ки чизе ноҷо нагашта бошад, базм меорояд:
базми пирўзӣ ва диловарӣ... Вале чун рўз шуд ва хабари қиссайи шоҳдухтарро оварданд, Искандар дар шигифт монд ва ангушти ҳайрат газид, ки фоли нек набувад. Фармуд ба хок диҳанд мурдагонро ва худ ба касе чизе нагуфта лаби баҳр рафт. Андешаҳойи Искандарро ҷуз худаш касе намедонист. Дароз рафту омад лаблаби дарё, ки шояд мавҷ шоҳдухтро ба соҳил андохта бошад ва ё дар паси кадом буттайи газ пинҳон гашта мунтазири омадани шоҳзода бошад. Зиёд гом зад шоҳзода, то оне ки аз бехобиву ғазаб ва пушаймонӣ сараш ба дард омад. Бисёр касон аз зарби теғи ў бо зиндагӣ падрўд гуфтанд, қасрҳо вайрон, тифлон ҳайрон ва кадхудоёну кадбонувон бехонумон гаштанд. Ҳеҷ яке ўро ба танг наоварда буд. Вале марги Гулгун андар гулўйи шоҳи мақдунӣ ғамбода ҷой кард. Пайдо накард Гулгунро. Баргашт ба пардасарой ва фармуд, ки базму сур нашавад, биҷўянд мурдаву зиндайи шоҳдухтарро. Ва касе безобита ва аз хоб бедораш накунад...
...Ва аммо хобаш набурд. Ғами шоҳдухтарро мехўрд; на аз он ки дилаш сўзад, балки аз он ки аз зебосанам ком набардошт, сайд аз даст рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор