Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Гулгун як ҷавсаки гиребонашро, ки вақти калид гирифтан кушода буд, бозбаст. Андаке шигифту ҳайрон монд, то аз Искандар чӣ ояд. Ҳарфе набуд ҷуз сукут. Гулгун чун дарёфт, ки ҳукми шоҳ қатъист, рў ба дар овард. Вале тасаввур намекард, ки оқибати чунин озодӣ чун бувад. Зеро дигар аз ҷониби шоҳ ишорае нашуд, ки куҷо биравад ва ё кӣ ўро ҳамроҳӣ бикунад.
Ҳанўз боди дарё паст нашуда буд. Баробари аз саро сар бурун овардани ў бод нафасашро гардонд ва дасти дигаре даҳонашро дошт, ки на садо карда метавонист ва на нафас гирифта. Озод бардоштандаш. Фаҳмид, ки бесадо аз дар бурун кардани шоҳ чӣ маънӣ дошта ва саркашӣ аз дархости малик то куҷо расонад.
Шоҳдухт ҳанўз ҳам гумон надошт, ки бадие бошад.
Ба ҷое бурданд, ки аз Искандар пинҳон шуда буд – паси дарахти газ. Зери пардайи сапедадамон Гулгун дил аз дунёйи дун шуст: қиёфаҳойи безебу зишт нафоридандаш. Ва худро гўсфанде миёни гургон дарёфт. Якбора ларза афтод дар танаш ва авҷ кард.
Ҳарчанд ўро боздоштанд, дастонашро пахш карданд, ба рўйҳояш силӣ заданд, ларзиши танаш бознамонд, мисли барги сафедоре, ки миёни ҳазорҳо барг ларзад.
Ҷомааш дариданд, поҷомааш кашиданд, дасту пойҳояш доштанд, чун тосадор тамоми рагу пай, даст, по ва манаҳу дандонҳо меларзид: «Худойи бузург ҷонамро бигир!» аз зеҳнаш мегузашт, аммо гуфта наметавонист. «Ту қудрат дорӣ, бинамо қудрататро!»
Шоҳдухтар рўйи реги тару сард бараҳна ҷон меканд ва эшон чун гургони чилла аз ҳирсу нафси «кӣ аввал?» ба ҳам дарафтиданд, пархош карданд ва кор то ба ханҷар расид.
Вале боди сабо, ки одатан форам бувад, ба тўфон гашт. Баҳр мадд кард ва амвоҷ пайи ҳам кўҳа баст. Соҳилро гирифт, аз дарахти газ гузашт. Пархошгаронро гурезонд ва либоси афканда ва ҷуссайи ларзону ҷонкани Гулгунро бардошт. Дарё ҷазр надошт, чунон ки оби азов шуда бошад. Гулгуни бараҳнаро чун киштийи Нўҳ бардошт ва чанд муддат баъд ҷазр кард ва шоҳдухтарро бо худ бурд миёни баҳр. Вале нозанини хуфта ба худ наомад ва аз он замон то ин замон касе надида, ки Гулгун куҷо шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор