Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ҳар чӣ шоҳ фармояд, сипоҳу сипаҳсолор он бикунад.
— Ту бузургтарини сипаҳсолорон ҳастӣ, Пармониёни диловар!
Искандар чун одобу эҳтироми сипаҳсолорро дарёфт, чунин гуфт ва хоҳиш кард, то нақша ва андешаашро бигўяд. Вале Пармониён боз хоксорӣ кард:
— Ман дар аҳди шоҳ Файлақус ҳам, дар салтанати Искандар ҳам аз пеши худ коре накардаам. Танҳо вақти зарурат андешаамро гуфтаам. Ва чун «пушти ҷанг сард нагардад» гуфтӣ, бояд хулоса барорам, ки ҷангро бояд идома дод ё...
— Оре, сипаҳсолор, бояд лашкар кашӣ ҷанубтар.
Ва фардо Искандари Мақдунӣ аз ғаниматҳойи рабудаву пайдо карда қурбонӣ фармуд. Эвмени хазинадорро фармуд ва ганҷина нишон дод, то чӣ кунанд бо он. Эвмен хеле хештанро ҳайрон вонамуд кард ва маслиҳат дод:
— Шоҳи олам медонанд бо ин ганҷ чӣ карданро, албатта.
Лекин боз бо мо маслиҳат мекунанд, миннатпазирем...
— Шаф-шаф магў, Эвмен!
— Оре, шоҳи олам! Агар маслиҳати маро пурсед, агар ман ба ҷойи шоҳ мебудам, агар имкон медошт...
— Ту гўй, ки ман бо ин сандуқ чӣ кор кунам? Ба ту супорам ё ба Мақдуниё фиристам?
— Агар илоҷаш бошад, агар сипаҳбадон зид набошанд, нигаҳ доред бо худ. Ин андешайи ман, албатта... Зеро, баройи он ки, чунон ки ман донистам...
— Чиро донистӣ, Эвмен?
— Агар шоҳи олам аз ман пурсанд, донистам, ки шоҳони Порс на танҳо дар ин дунё, балки дар он дунё низ ганҷро бо худ мебурдаанд.
— Аз куҷо донистӣ, Эвмен?
— Аз гўрҳойи харобгашта, шоҳи олам.
— Аз гўрҳойи харобгашта? Аҷаб... Кӣ хароб карда?
Эвмен посух надод. Орому хомўш монд, то Искандар чизи дигаре пурсад ва саволи аввалаш фаромўш гардад. Шоҳ беқарор гашт:
— Ман медонистам аз «Курушнома», ки шоҳони Порсро бо зару зевар гўронанд, лекин ту аз куҷо донистӣ?
— Ҳар кас касби худро худост, шоҳи олам. Агар Искандар тариқи мулкдорӣ ва лашкаркашӣ омўзад, Эвмен хазинадорӣ меомўзад, ҳар толону фунт ва тангаву тиллоро мешиносад ва медонад аз куҷо омада. Агар шоҳи олам иҷозат намедоданд талаву тороҷро, эллиниҳойи нодор ва фессалиҳойи нодида гўрҳойи ободро низ намешикастанд, зару зевар намекофтанд... Ман намедонистам, ки дар гўр ҳам ганҷ мешавад, албатта... Агар намешикастанду...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор