Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Агару албаттаатро мон, Эвмен! Бигўй, ки ин хуб аст ё бад?
— Агар шоҳи олам надонанд, ман чум?
— Ҳаминро фарқ накунӣ, хазинадориат чӣ?
— Агар... Ман фарқ мекунам, албатта, лекин хубиву бадиашро гуфта наметавонам...
— Чӣ хел, ки фарқ карда тавониву гуфта натавонӣ?
— Забони сурх сари сабз медиҳад барбод, албатта.
— Бигўй, сари сабзи ту ба касе лозим нест!
— Хуб аст, ки пайдо мекунанд, бад аст, ки мешикананд.
— Ту ҳам мисли устоди ман Аристотолис раҳмдил ҳастӣ. Дидӣ, ки ягон раҳмдил дар ягон набард пирўз шуда бошад?
— На, шоҳи олам, дили раҳмгин ҳамеша ғамгин.
— Пас, ту хазинадорӣ бикун, бо дигар чизҳо кордор мабош!
— Албатта... агар...
— Боз мепурсам, Эвмен: бигўй, чӣ бикунам бо сандуқ?
— Бо худ бубаред, шоҳи олам. Магар мо аз пайи ҳамин чиз наомадаем?
Искандар хандид ва бознишаст ба рўйи сандуқ, ки хазинадор Эвмен ҳама сирру савдоро медонад: медонад, ки хазинайи шоҳӣ чӣ дорад ва чӣ қадар қарздор аст; медонад, ки ганҷ баройи шоҳ ва Мақдуниё чӣ аҳамият дорад; медонад, ки қасди ҷанги Порсу Юнон ситонидан баҳона аст; медонад, ки шоҳ Искандар вуҷуд надоштани Оби Ҳаётро медонад, вале худро гўл зада, аз пайи Оби Зиндагӣ овора аст, то бемаргу анўша бошад.
— Зиндагӣ дигар чӣ дорад, Эвмен?
— Зиндагӣ бе сарвату сармоя пуч аст, шоҳи олам. Агар ҳаёт бе зару зевар маънӣ дорад, пас чаро зархаридони мақдунӣ ёди Мақдуниё накунанд, балки баройи зарри Порс муқобили шоҳи Мақдуниё ҷанганд?
— Инро бояд аз ту бипурсам, Эвмен? Пас чаро аз раҳмдилӣ сухан кунӣ?
— Ман донам, ки Искандар шоҳи одил, наметавонам зидди назари ў сухан кунам, албатта...
— ...албатта... Лекин фикри туро қабул надорам, Эвмен...
— Рой шоҳи оламро...
— Донӣ, чаро?
— На.
— Андаруни сандуқ ҷомаву тоҷи шоҳӣ ҳаст... Ман онро бояд дар Пелла пўшам, на дар Йусус! Фаҳмост?
— Оре, шоҳи олам!
— Пас... Сандуқро ба Пелла расондан кори туст, на кори ман!
— Ба чашм...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор