Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд Гулгун дуздида буд ақли ўро, ки бартар аз гетерҳойи ҳозирҷавоб сухан мекард, муҳокима меронд, забони юнонӣ медонист, тамизу фаросаташ дигар буд. Ва Искандар баройи иззати хеш чунон кард, то шоҳдухтари порсӣ донад, ки рў ба рў бо кӣ омада.
Мувофиқ аст чунин ғояти шаб шоҳи шабравро: ором, касе халалгор нашавад. Вале нақшае надорад ва касеро огоҳ накарда ба шабравӣ, безобита мегардад сипоҳ. «Фароғат кунанд, ҷанг дар пеш аст.» Вале сагони хундаҳон вайрон доранд хомўширо.
Бояд биронд даҳонолудаҳоро сўйи Йусус. Ва фардо мурдагони бесоҳибро бояд дафн кард, вагарна ин сагони гўштмаст то малик ин ҷост, оромаш нагузоранд.
— Бихезед, сагон одам мехўранд!
Магар шоҳ Искандар оҳиста гуфт, ки касе бедор нашуд ва ҷавобе надод ҳарфашро, талоя наомад ба дар.
Хавф кашид малик ва бадар шуд аз пардасарой. Дами дар бозистод. Нафас кашид аз ҳавойи тирамоҳон. Бўйи хун овард бод.
Нафорид маликро. Каф ба бинӣ бурд, то нашунавад бўйи хунро.
Вале аллакай дар димоғаш ҷой шуда буд.
Ва шибир кард паси пардасарой. Искандар ҳама андешаҳоро фаромўш карда, бодиқкат гўш дод ба садойи паст ва гумон кард яке аз сагони гурусна ба бўйи хун то ин ҷо расида. Вале чун қатъ гашт садо, малик дар тааҷҷуб монд, ки шояд охирин садойи гомзанийи посбонҳо бошад. Искандар дар ин хомўшийи як ғояти шаб андешайи шабгир дошт дар борайи маҷлиси фардо, базми пирўзӣ ва шаҳрсозӣ. Қатъ шуд андешаҳояш. Ба ташвиш бадал гашт андеша, ки ҳолиё чӣ шавад; кӣ бувад паси сарой ва аз пайи чӣ омада?
Чизе сойиш хўрд ба деворайи хиргоҳ, мисле ки ҷонвари гаргин тани хоришкардаро молад. Ва сарой ларзид. Искандар сахт хавф кашид ва ханҷар гирифта дами дар биистод. Овоз надод шоҳ, то дар ин ғояти шаб ҳамаро музтарибҳол нагардонад ва бойиси тарсуйӣ ном набардорад.. Омода буд паси пардадар. Ҳар чӣ буд, сойиш хўрду бар амуди хиргоҳ бархўрд оҳиста ва баъди андаке садойи фиқ-фиқи занона омад. Искандари зирак зуд шинохт садойи гиряйи пасти занонаро ва ба сараш зад, ки шоҳдухтар аз карда пушаймон баргашта ба саройи ў.
— Бону!? – оҳиста садо кард Искандар, то хомўшийи шишайи шабро санг назанад, ба дигар самт гузашт, ки агар макр бошад, найза наандозанд ба синааш. Вале посух наомад. Даруну беруни парда хомўшӣ буд. – Бону! – боз ово кард паст Искандар ва аз беруни дар посух шунид:
— Иҷозат бидеҳ, Александр!
Шоҳи ҳушёрмағз зуд фарқ кард соҳиби садоро ва аз он ки Александр гуфт, донист, ки Гулгун нест. Вале фурсати рухсат нашуда, ҳоҷиби саропардайи шоҳӣ огоҳ гашт ва зуд сари роҳашро гирифт.

пешина
аз 390
навбатӣ