Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар сандуқ ба Эвмен супурд ва гўйӣ ором шуд. Кўдакона хамёза кашида даҳон кушод ва дарёзид рўйи рахти шоҳӣ. Чунон шуд, ки чизе ба хотир ё пеши назараш наомада хобаш бурд. Аср буд. Дар ин гоҳ хобиданро дарди сар медонистанд, вале Искандарро хоб бурд ва бисёр андешаҳояш амалӣ нашуд. Ба хусус, ки зиндагонро саф ороста як бор ба рўйи онон нигоҳ кардан мехост.
Ҳарчанд медонист, ки дар ин муддат мурдагон ба хок супорида ва номнависи эшон омода сохта бошанд, то донанд кӣ ҳасту кӣ нест.
Ҳама мурдагон ба хок доданд. Касе аз номдорон ё сипаҳбадон ё аз дастайи ёрон ба Мақдуниё ё Юнон фиристода нашуд. Роҳ тўлонӣ ва махуф аст ва ҳатто мурда нарасад то он ҷо... Бо иҷозат баъзе мурдагони номдорони порсиро низ ба хок супурданд ва дигарон қатори асбони мурда дар корзор монданд.
Сагон пайдо шуданд андар овардгоҳ ва зоғу заған, каргасҳойи мурдахўр низ рез карданд. Набарди зиндагон бо зиндаҳо хотима ёфта, муборизайи ҷондорон бо беҷонҳо оғоз ёфт, сахттар аз он кн Эвмен гуфта буд: «гўри дороёнро шикаста зару хоста мегиранд.» Асбони мурда чаҳор дасту пой сўйи осмонро сагони гурусна мехўрданд ва мурдайи инсонҳоро каргасҳойи ҳаромхўр. Овардгоҳи дўшина пуршўртар буд.
«Ҳаёт ё мамот» мегуфтанд. Зўр камзўрро, чолок фаҳўлро, доно нодонро мекўфт. Аблаҳтарин ҷони худро ҳимоя мекард ва зархарид андеша дошт, ки ман мурам, ҳаққи маро ба кӣ диҳанд? Ва ҳоло каргасҳо чашм мекананд аз онҳо: аз тарсуҳо, камзўрҳо, аз аблаҳҳо, аз нодонҳо ва зархаридҳойи безар. Касеро кор нест...
Ҳузнангез гашта майдони мубориза: хомўшӣ, оромӣ... гўё касе гулўйи Ҳаётро қабз карда ва бо кафи дигар даҳонашро сахт дошта, то нафас бароварда натавонад. Дилгир бувад зиндагӣ ва касро дилсард гардонад.
Ва дилгиртар буд садойи чуғзи вайронахоҳ. Садояш меомад, вале маълум набуд аз куҷо садо мекунад. Пасон, садойи зузайи гургона омад ва ба сагҷанг табдил ёфт. Ва ҳамин садо Искандарро бедор кард. Гўш дод, хаёл кард, вале барнахост. Балки даҳшат гирифташ, ки дар он ҷо сагон одам мехўранд...
Мўйи сари малик Искандар дамид. Ва ҳамин ҳаяҷон ўро низ аз бистар бардошт. Торикӣ буд. Касе шамъ наафрўхта, ки маликуррумро безобита накунад ё хобпар. Дами саропарда омад, гўш ба берун дод. Ҳамагон хуспидаанд, сагон бедоранд. Мазмун, баройи мурдайи сарбози бесоҳиб ҷанг доранд. Гарон аст сараш, чунон ки як хум шароб хўрда бошад. «Сагони йусусӣ бў гирифта омадаанд» аз дил гузаронд ва бознишаст бар рахти шоҳӣ. Ҳеҷ гоҳ ў чунин гарангу гирифта набуд. Сабаб аз он дониста, ки пирўзиро ҷашн нагирифт, ба ёди худоён қурбонӣ накард, балки тую ман дошт бо шоҳдухтари порсӣ ва бесабаб ба дасти галайи гургони гурусна супурдаш. Шояд сабаби ҷашн нагирифтани пирўзӣ хастагӣ набошад?

пешина
аз 390
навбатӣ