Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва малики румӣ ҳамаро мешунид аз паси парда. Дилаш мекашид Тойисро, вале намеёрист бигўяд, ки даро. Зеро ҳам ҳоҷибро дар хиҷолат мегузошт ва ҳам шоҳро тарафгириҳойи ў як пул мешуд. Танҳо тавонист бисурфад, то пардадор донад, ки бедор аст ва рухсат бипурсад ба даромадан ё надаромадани духтар. Тойис, ки нозғунҷи шоҳ буд, баробари шунидани садойи сурфайи Искандар ба сари ҳоҷиб шўрид:
— Гуфтам, ки ў аз шоҳоне нест, ки шабҳо бихусбад. Ў шоҳи шабрав аст ва маро иҷозат бидеҳ, наздаш дароям!
— Гуфтам ба ту: то ройи шоҳ набошад, нагузорам.
— Агар ройи шоҳ мехоҳӣ, бипурс!
— Ё маликуррум! – садойи паст кард пардадор, ки аз хоб бедораш накунад.
— Баланд бигў, марди худо, ў бедор аст!
— Ё шоҳи мақдунӣ!
— Чӣ мефармойӣ? – садойи норозиёнайи Искандар омад аз паси парда.
— Духтаре омада, худро Тойиси Онаниюс гўяд...
— Ва ту ўро шиносӣ?
— Оре, шоҳи мақдунӣ!
— Пас рухсаташ бидеҳ!
Пардадор гумон надошт, ки шоҳ Искандар ўро чунин номаълум сарзаниш кунад. Зеро баъди чунин гуфтугў бо гетер ва шоҳро ин қадар олӣ қадр карданаш, ки ҳамаашро аз паси парда шунида буд, пиндошт Искандар ҷонибаш мегирад ва қадри раққосаро паст дониста, «фароғат дорам» мегўяд ва коҳиш медиҳад ҳоҷибро, ки қойидаро дониста, маро ғам медиҳад. Вале ғайри умеду чашмдошти ў малик Тойиси соҳибҷамоли хушзеҳну хушгуфторро дидан хоҳад.
— Бирав...
Кўтоҳ бигуфт пардадор ранҷидахотир. Вале Тойиси Онаниюс нафаҳмид, ки «бирав» гуфтанаш ба чӣ маънист. Бозгард ё бидаро!?
Зеро «бирав» гуфту аз сари роҳ дур нашуд ва дами дарро медошт.
Тойис, ки нозғунҷи шоҳ буд, ҳар гуна сарбозону хидматгузоронро писанд намекард ва ҳоло баробари шунидани садойи рухсати ў тоҷирдухтар ҷон гирифт ва ҳатто китф зад; пардадорро тела дод, ишваву кишна ҳам кард, ки то шоҳ нафармуд, роҳ надодиам.
«Ҳммм» мадд кашид ҳоҷиб, рўзе расад, ки ба дастам танҳо афтӣ.
Аммо нозанин эътибор надода, пардадар бубардошт ва дами дар бархўрд ба Искандар.
— Чаро муштро ба торикӣ задайӣ, шоҳ?
— Дар хона зан нест – Барзан нест! – суханбозӣ кард Искандар.
— Оташафрўз надорӣ? – маънийи сухани ўро чандон нафаҳмид Тойис, ки номи оташкада будани Барзанро намедонист.

пешина
аз 390
навбатӣ