Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале Искандар ба ў ҷойи оташшарарро нагуфт; нафаҳмонд, ки шамъҳо сўхта, об шуданд, ба хидматгорон нафармуда, то шамъ афрўзанд, балки фароғат карданӣ буд, аз ин рў торикиро авло донист:
— Бо ту дар танҳойӣ ва торикӣ будан хубтар аст...
Ва Тойис, ки дар дил кина парварда буд ва дар оташи рашк месўхт, аз ҳарфи Искандар дигар маънӣ кашид:
— Бо ман дар торикӣ хубтар, бо дигарон дар равшанойӣ?
— На. Бо дигарон низ дар торикӣ...
— Шоҳ фиребо набуд, маро дўст дошта буд ва ман дидам, ки дӣ шаб тамоми шаб сарочайи шоҳ чилчароғ буд, зеро шоҳдухтар ин ҷо буд... ва имшаб, ки тоҷирдухтар омада, чароғи шоҳ хомўш аст.
— Агар тоҷирдухтар хоҳад, садчароғ кунам, – Искандар нахост бозиро ба манша гардонад.
— На. Зарурате надорад... Тоҷирдухтарон пасттинат нестанд, ки пурсида ё талабида ба чизе расанд. Онҳо худро аз шоҳдухтарон кам намегиранд, балки донанд, ки дар ҳиммату саховат аз шоҳзодагон болотаранд.
Искандар пай бурд ишораву кинояйи тоҷирдухтарро. Зеро сухан аз ҳиммату саховат нарафта буд ва ў ишора кард ба зархалтайи падараш ва кўмакҳойи ў, инчунин ба Гулгун. Искандар иштиёқи зиёд дошт ба Тойис, нозу нузи ўро меписандид, ҳавасангезиҳойи ўро хуш дошт... вале ҳоло ҳавасаш мурд. Одат накарда буд, ки гетер талху пичинг занадаш. Аз ин рў хомўш монд. Аммо Тойис тоб наовард хомўшийи ўро:
— Чаро хомўшӣ, Александр?
— Гўш доданро дўст дорам.
— Медонам, ин хислати хуби туст. Аммо гоҳе ки ман дар наздат, надидам, ки қарор бошӣ.
— Аристотолис мефармуд, ки одам ҳар қадар кўҳансолтар гардад, солор мешавад, салавот мегирад, ботамкин мегардад.
— Ҳоло баройи Искандар мувофиқ нест, ў бояд бихандад, хушнудӣ бикунад, вақташро хуш гузаронад. Ў бояд донад, ки ман аз баҳри ҳама чиз гузашта ҳамроҳи ў омадаам.
— Ин – миннат ё мояйи ифтихор?
— Ҳар навъ, ки шоҳ Искандар бипазирад.
— Донам, ки ҳамроҳи ман омадайӣ, лекин бинам, ки бе ман ҳам вақтат ҳуш гузарад.
— Киноя занӣ? Ба шоҳзодайи мисрӣ киноя занӣ? Хуб донӣ, ки ў маро дўст дорад, лекин ман хуб донам, ки туро дўст дошта будам.
— Ва ҳоло дўст надорӣ?
— Бале, дўстат надорам. Баройи ҳаминро гуфтан омадам.
— Хуб фармудӣ. Муҳаббати занҳо сари мўй меистад.

пешина
аз 390
навбатӣ