Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На, сипаҳсолор, ҷосус набошам, фиристода бошам ва дурўғ нагўям; дурўғгў душмани худо. Маро назди шоҳ бубаред!
— На! Чун ҳуҷҷат надорӣ, туро ҷосус хонам. Зеро фиристода бояд номайи бамўҳр дошта бошад.
— На. Ман бадкор наям, номайи хуш бубарам. Аҳли Порс донад, ки шоҳ Искандар баройи чӣ ба Шарқ омада...
— Баройи чӣ омада?
— Баройи бемаргӣ ва ҷовидонӣ, баройи Оби Ҳаёт ва зари Порс. Димишқиён ин чизҳоро муҳайё сохта баройи шоҳи бемаргу анўша.
— Хуш гўйӣ, вале тарсам аз он, ки дурўғ гўйӣ.
— Агар дурўғ пиндоред, маро бубаред назди шоҳ, то ҳамаро фаҳмонам!
— На, туро назди шоҳ на, балки бозпас фиристам, то номайи сарбамўҳр биоварӣ ва ҳуҷҷат бошад, ки назди ў бирасӣ.
Ва Пармониёни дилогоҳ фиристодаро ному насаб напурсида бозпас фиристод ба Димишқ. Ва ў дар роҳ чунон ғайб зад, ки надонистанд замин кашид ё осмон бурд.
Пармониёни сипаҳсолор шукри зиёд кард, ки фиристодайи тасодуфиро назди малик Искандар нафиристод. Фиристода ҷосусе буда, ки бар қасди шоҳ мерафт. Ба хусус ин оҳанг вақте равшан гашт, ки сипаҳсолор бо фавҷи хеш ба Димишқ ворид шуд, на шаҳрдор диду на пазиройӣ ва на нону намак. Балки ҳама кўч баста буданд ва бурун рафта аз шаҳр. Пуршигифт гашт сипаҳсолор ва фармуд кордор набошанд бо шаҳриён. Зеро макр кардаанд. Аз гуфтаҳойи фиристода нишоне нест. На хазина барҷост на мардум.
Қофила бастаанд.
Ва сипаҳсолор фармуд қофила дарёбанд. Саворони шимолӣ
– фрикиҳо, ки бо фармуди малик Искандар аз шаҳри Йусус ва ҷабҳайи корзори порсиён ғаниматҳойи зиёд ба даст оварда буданд, даҳанмазза гашта, ба ҳар сў пароканда шуданд ва ба тохту тоз афтоданд. Алалхусус, ки бо қофила рафтани зарри Порсро фаҳмиданд, осемасар гаштанд. Пармониён чун сарвар наззора мекард ҳамаро, то донад: кӣ баройи Мақдуниёву Юнон меҷангад ва кӣ баройи зарру зевар ҷон меканад. Касе аз назараш дур набуд ва худ низ бораашро сўе ҷилав гардонду пошна зад, ки пирони чуғулу беимон ба ангушт ишора карда буданд самти рафти қофиларо...
Шоҳони Порс бад медиданд чунин пиронро ва «беимон» ном бурда буданд. Зеро медонистанд, ки одамфурўшӣ кунанд онҳо.
Баду некро, худиву бегонаро фарқ накунанд; тарсу ҳастанд; мурдан нахоҳанд, фартут бошанд ҳам, нафасашон рафта ояд, кифоя. Ва шиорашон чунин бувад: «Баройи мо кӣ подшоҳ мешавад, фарқ надорад... такка бошаду шир диҳад». Вале дар ягон замон, дар ягон макон такка шир надода ё подшоҳе шиками халойиқро сер накарда.

пешина
аз 390
навбатӣ