Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Даст ҷунбад, даҳон низ ҷунбад. Аммо ин пирони камақлу бехирад худро ба омадаҳойи тавоно ширин кардан хоҳанд. Чун бинанд, ки аз шоҳону саворон суде нест, ба сони сангпуштҳойи халахўрда гардан миёни шонаҳо фурў кашанд ва баъди рафтани саворон ба ҳамдигар гўшайи чашм андохта, бо лабони чаппагашта ва дастони кушод ишора кунанд: «Чӣ шуд?» ва чунин посух гиранд: «Чӣ шуд?» На танҳо Курушу Дориюшу Ардашерон, балки Доройи Кудумон низ бад бинад чунин пирони хиёнаткорро. Бад диданд, вале зоҳир накарданд, зеро онҳоро ранҷондан баробари ғазаби шеронро ангехтан бувад.
Ва Пармониён аз онон миннатдор ҳам нашуд, инъому эҳдо низ накард, балки бар асари қофила рафт. Борайи ҷирани ў аз дарвозайи шаҳр бадар шуд. Аз қофила асар набуд. Ва хашм гирифт ба пирон, ки фирефтаанд. Агар ҳоло наздашон бошад, гардан занад.
Чун ҷилави асб кашид, гирд мегашту фир мезад ва аз сўрохиҳойи биниаш дар ҳавойи сард дуд мехест. Ва саворони дигар беруни шаҳр шуданд, қофиларо пайдо накарданд. Ба рустое расид фавҷи сипаҳсолор. Пирони барҷомонда ва фартут андар буни девори ибодатгоҳ офтоб мехўрданд. Баробари пайдо шудани саворон онон безобита шуданд ва бо азоб ба по хестанд. Саворон пурсиданд:
«Қофила ба кадом самт бирафт?» Пирон посух доданд: «Қофила надидаем.» Сипаҳсолор хаста шуда буд, алами Мўсо аз Исо ситонд: шамшер аз наём кашид ва чанде аз пиронро гардан зад. Ва боз фарёд кард: «Қофила ба кадом самт рафт?» Боз посух доданд:
«Қофила надидаем». Боз чандеро гардан зад ва бори саввум пурсид ва пирон бори саввум ҳамчунон посух доданд. Боз шамшер кашид. Пире даст боло кард ва гуфт: «Мо омадани Искандарро мунтазир ҳастем. Пайдост, ки Искандар найӣ. Гўянд Искандар шогирди Аристотолис аст ва одил. Пирону тифлонро накушад.
Пас бигў, ту кистӣ?».
— Ман сипаҳсолори Искандар ҳастам.
— Пас чаро беҳуда пирон бикушӣ?
— Дар Димишқ низ пирон буданд. Гуфтанд қофилайи Доро ба ин сўй омада, вале шумо гўед: «наомада.» Онон дурўғ гуфтанд, шумо низ дурўғ гўед.
Борааш фир мезаду гирд мегашт ва ғаши пиронро меовард.
— Шояд онҳо рост гуфта бошанд. Мо ин ҷо ҳастем, аммо қофила надидаем. Мо, ки назди ин маъбадем, туро дурўғ гўем, худоро чӣ гўем? Шояд корвон аз дуриҳо гузашта бошад ва аз чашми мо дур монда?
— Чашмаш биканед!
Фармуд сипаҳсолор. Чашмаш биканданд.
— Маъбад оташ бизанед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор