Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чунин ангезаву ҷаҳиш фурў намерафт. Касе гурз ба сари он заданӣ буд ва нор якбора пас гашта, ҷуфтак бар ў андохт ва парчи замин гардонд. Чун он сўйро сахт девора гирифта буданд, сўйи дигар гурехт. Пуршаст аз миёни фавҷ гузашт чун бало, ки надонистанд чӣ буд ва рў ба Димишқ овард. Лўкка гирифт, пасон чаҳорхез.
Чу бод мерафт. Сипаҳсолор яке аз корвониёнро пурсид, ки бар бора чӣ буд? Ў гардан фурў кашид, ки надонад. Гардан зад ўро сипаҳсолор ва боз он пир гоме пеш гузошт: «Дар як палла сим дошт, дар дигаре зарр».
«— Аз ту, ки напурсидаам!» – ўро низ гардан зад Пармониён ва ишора ба саворони фракӣ кард. Рон афшурданд асбонро. Ғубори роҳ хест. Яқин доштанд, ки нори найзахўрда, ки хунаш бар дастайи найза мешорид, дар ҷое аз бемадорӣ биафтад ва онҳо хўрҷини симу зар ғанимат бигиранд.
Нори сапед метохту эҳсос дошт, ки найза нороҳаташ мекунад ва мадораш суст мегардад. Ва медонист, ки галайи гургон аз паяш ҳастанд, набояд суст ояд. Вагарна хомталош хоҳад шуд. Чун ба Димишқ наздик шуд, бар обканде дучор омад. Ба шасти сахт ҷаҳид. Дастонаш бар лаби бора расиданд, аммо пойҳо кашол монданд. Фурў лағзид. Афтиду барнахест. Саворон пиндоштанд замин кашид норро. Ва чун бар овринг даррасиданд, нори сапедро диданд, ки хўрҷин бо тахтапушт пахш карда чаҳор дасту пой боло дорад. Обканди жарф буд. Саворон пиёда шуданд ва аз сари ҷар худро ба пастӣ андохтанд. Нори сапед охирин бор бонг зад, ки васиятро мемонд. Навҳайи хастаҳолона. Шояд асбон забони онро фаҳмиданд, ки фиркиданд ва рў ба гурез оварданд.
Чанде аз пайи бораҳо шуданд, дигарон ба обканд фуромада, бо шамшер бар камарбанди уштур заданду буриданд. Чаҳор дасту пойи болоро дошта паҳлў гардонданд ва хўрҷини даҳандўзро бардоштанд, Ду нафарро, ки бардошта буданд, аз паси сар шамшер заданд. Хўрҷин ба замин афтод. Манша, пасон пархош шуд миёни онҳо. Шамшербозӣ шуд. Чун сипарҳо дар қоши зинҳо монда буд, касе натавонист аз зарби шамшер худро ҳифз кунад. Ва ду нафар нимҷон монданд, ки хўрҷин бардошта наметавонистанд. Ҳарду андеша дошт, то дигареро чӣ гуна нобуд созад. Ба сони ду хирси захмӣ буданд, ки пайваста ҷону мадор гирифта, бад-бад ба ҳам менигаристанд, то фурсате пеш ояд, якдигарро ба боди фано диҳанд.
Сари дилашон шину хез дошт чун дами қўрайи оҳангарӣ. Арақшор буданд. Чун каме нафасашон рост шуд, арақ сард гашт. Ҳавойи тирамоҳон серун мерасид. Чӣ андешаҳое дар сар доштанд; зарби шамшери сипаҳсолор, таънаву маломати сипоҳон, ёди ватан, дар ғурбат мурдан, моли дунё бо худ набурдан... ва чун хўрҷин пеши назарашон буд, зуд аз ёд доданд ҳамаро, боз арақ пахш кард сару танашонро. Андешайи бардошта бурдани хўрҷин ба сар омад ва хаёлан андар нимароҳ ба даст афтоданд. Аз Пармониён раҳойӣ ёфта ба дасти Искандар афтоданд.

пешина
аз 390
навбатӣ