Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва сахт ҷафо кашиданд. Искандар чун Пармониён гардан назанад. Мисморро тафсонда ба сараш нишонад, то дуди нобакорон барояд ва дигарон бинанд, ки чӣ дуде фағона занад аз гўшти одамӣ. Бузург ларзид, Хурд низ. Ҳарду диданд ларзиши якдигарро. Нигоҳ карданду чизе напурсиданд. Ба назарашон расид, ки ҳарду табассум доранд, аммо напурсиданд, ки чаро ханданд. Суоли напурсида ба нафрат гашт.
Шамшер қабза карданд.
«— Сабил монад».
«— Рост гўйӣ, аз сари ҳардуямон монад. Зани сайибаро марди дигар гирад.»
Тарси Хурдро тарси худ дониста гуфт Бузург. Ва баъди андеша идома дод:
«— Номардтарин онест, ки занашро марди дигаре гирад.»
Чун ҳарду андар шимолийи Юнон зану фарзанд бозгузошта, ба умеди зарри Порс омада буданд, ин ҳарф сахташон расид.
— Падари ман мегуфт, ки бузургтарин гуноҳ он аст, ки марди зинда писарашро ятим кунад, – рамуз аз ҳарфи Бузург гирифта гуфт Хурд.
— Пас чӣ бояд кард?
— Ба Юнон бояд баргашт.
— Аз дасти Искандар магар ҷойи гурез ҳаст?
— Искандар дигар ба Юнон барнагардад.
— Чӣ гуфтӣ?
— Магар нафаҳмидӣ? Искандар дигар ба Юнон бар нахоҳад гашт... Зеро ў шоҳаншоҳи Порс хоҳад шуд ва аз иқлими Шарқ дил канда натавонад. Фаҳмидӣ?
— Сипоҳ ту, бало ту. Донистӣ, ки суханат ба гўши Искандар хоҳад расид ва зинда ба зинда пўстат хоҳад канд...
— Шод гардам, агар ин ҳарфи ман ба гўши Искандар расад.
— Мерасад, расад... чунон ки бод сухани «Мидос гўш дорад, ду гўши хар дорад»-ро ба гўши шоҳ Мидос расонда буд, ҳарфи туро низ бод ба гўши Искандар хоҳад расонд.
— Агар ту нарасонӣ, бод нарасонад...
Ва боз хомўш гаштанд. Ба андеша заданд. Хурд биандешид:
«Ба бало задам, аз дасти ин дилсиёҳ ҳар чиз ояд... Хуб аст, агар бикушамаш, як паллайи хўрҷин зери хок кунам, якеро барам ва чун корҳо басанда гардад, боз оям, паллайи дигаре бубарам. Шарт нест, ки ба Юнон равам, дар Порс ҳам бо чунин ҳўрҷин шоҳона зистам мумкин аст.»
— Чӣ хоҳӣ? – пурсид Бузург. Хурд як қад парид, ки андешааш бар ў аён шуда.
— Ҳеҷ! Он чӣ ту хоҳӣ, низ хоҳам.
— Агар рост гўйӣ, бихез, бубин, ки асбонро дошта меоранд ё на.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор