Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Нагузорам, бону! – пеши роҳи ўро гирифт сипаҳсолор. Ва дарёфт, ки бону аз занони оддӣ набошад, арзандатар аз ҳама. Сар андохт ва гуфт: – Бубахшед! Ман сарпечро гирифтанӣ будам, то шуморо бубинам, – аз нав ба чеҳрайи хуби ў нигарист.
— Тасодуфан... ҳозир табибро фарёд мекунам...
Бону нашунид ё писанд накард, ки майли берун дошт.
— На. Ин ҷо бошед, модаратонро низ орам.
«На! Зарурат надорад! Азоби яке аз мо ба ҳафт пуштамон расад» гуфтанӣ буд бону, вале худдорӣ кард, то асрор ҳувайдо нагардад. Лакнати забониро бофтани модараш омади кори ў шуд. Вагарна сари вақт ба ҳар пурси сипаҳсолор посух намедод, шиканҷа мекарданд.
— Бону, ба гирифти забони шумо бовар надорам. Сипаҳбадон Ментор ва Мемнон аз онҳое набуданд, ки гунгро зан кунанд...
Бону сухани «гунг»-ро таҳқир донист, дилаш раг кашид, рўшод накард, балки пазируфт ва чунон сар андохт, ки маҳз лакнат доштани забонаш ба онон хуш омада бошад. Сипаҳсолор қассобе буд дар ғами чарбу:
— Сохтакорӣ баройи чӣ? Агар ман ҷуфти боб нестам, рўйирост бигўед, то ба Искандари Мақдунӣ расонам, ки шоҳи хубонро ба даст овардаам, бо ў чӣ кунам? – Сипаҳсолор андаке аз гуфтор монд, то аз бону посух бигирад. Ў гунгу хамўш буд. – Ба шумо гўям, ки Искандар Пармониён нест... – Сар ҷунбонд бону, ки рост аст, Искандар Пармониён нест. Ва сипаҳсолор суханашро бозгў кард: – Искандар дар як миҷазанӣ Заминро ба Осмон дўзад. Аз ин рў хоҳам, ки рўйи шуморо ҷуз ман касе набинад. Розу асрори мо миёни ҳардумон монад.
Искандар бинад, шуморо осуда нагузорад. Чӣ мефармоед?
Гунгона истодани бону ба сипаҳсолор нафорид:
— Ба ту на сухан кора кунад, на шамшер, чӣ зане ҳастӣ?!
Боз посух надод бону. Сипаҳсолор носипосӣ пиндошт, оташин шуд.
— Ҳоло касе аз дами ин теғ нараста! – садойи ҳаворо буридани шамшер хаёле ба гўши бону расид...
...ва дар ҷавоби садойи шўридайи сипаҳсолор ва овози пасти шамшеркашӣ паси пардасаро ғалмағал шуд. Сипаҳсолор аз хашм бозмонд ва парешон гашт, ки душман омада. Чун сар аз парда бурун овард, пайкеро дид. Бадар рафт ва асбоби мағал пурсид:
гуфтанд:
«— Шоҳ Искандар омада ба Димишқ ва сипаҳсолорро пурсон шуда...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор