Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

БаНди ПАНҶУМ
Нори сапед барнагашт. Ва онҳое, ки бар асари он рафта буданд, низ бознаомаданд.
Пармониён ба худ омад ва биандешид, ки буд-набуд пайку паём ба Искандар расад ва шоҳ сипаҳсолорро баройи бепарвойиаш сарзаниш кунад. Як хўрҷин зару сим баройи Мақдуниё кам нест, метавонад воми хеш боздиҳад. Сипаҳсолор бо ҳазор андеша корвон бубаст: бори аз пушти сутурон кандаро боз бар онҳо ниҳод, занонро бар гардунаҳо нишонд. Роҳ сипард сўйи Димишқ. Сипаҳсолор ҳеҷ парешон набуд, ки кунун. Дар дил ноҷўрӣ дошт ва пешомад нохуш медид. Лек намедонист аз чӣ рў? Хўрҷини нори сапед бурда парешон карда буд ва ё Барзини қайсар? Сипаҳсолор ба кишнаву думафшонийи сутурон, чарх гаштанҳойи гардунаҳо, сум заданҳойи Саманд ва хомўшийи сипоҳ парво надошт. Ҳушу ёдаш Барзин буд ва медонист, ки ҳар чӣ расад, аз ў бирасад. Аз ин рў набояд рўйи ў намояд ба Искандар. Вале чора надорад.
Агар гардуна ба ҷое гузошта назди Искандар равад, пештар аз ў баранд, ки сипаҳсолор чунон карду чунин.
Бо ҳазор андеша андар деҳкадайи сари роҳ, ки Пармониён пиронашро кушта, русторо хароб карда буд ва гумон надошт, ки рўзе боз ба кор ояд, дам рост кард ва андешайи шабгир дошт, ки бонуро назди шоҳ барад ё на?
— Мо назди Искандар биравем, бону, майл дорӣ, ки ўро бубинӣ? – сипаҳсолор гоҳ шумо мегуфту гоҳе ту. Барзин баройи хеш бармекашид ҳар сухани ўро, вале чизе намегуфт. Ҳоло низ сухан накард, аммо сар афшонд: «Розӣ».
Сипаҳсолор сукут варзид. Чора нест. Бояд бибурд ўро назди шоҳ.
— Розӣ ҳастӣ, ки бифрўшамат?
Бону сар афшонд: «Бале!»
Сари сипаҳсолор гўйӣ ба замин зад. Дуд аз димоғ баровард.
Намехост ўро бубарад назди шоҳи гармхун. Сипаҳсолори озвар (ҳарис) чора меҷуст, то бомдод бонуро ба доми хеш дароварад, пасон маҳмил биронад сўйи Димишқ. Чун Искандар донад, ки бону ёри сипаҳсолор гашта, хостор нагардад, вагарна сад бону бас набошад ўро.
— Шуморо дар ин деҳқада гузорам ҳамроҳи модаратон, бозпас омада бубарам, чӣ шавад?
Ба пурси сипаҳсолор посух надод бону. Дарозо сар андохт, ки андеша мекунад. Дар асл андешайи раҳойиро дошт, аммо ўро бо модараш ин ҷо танҳо гузоранд ё посбон монанд? Чун аз бону посух нашуд, гўйӣ мулоҳизайи ўро Пармониён пай бурда бошад, гуфт:
— Ҳарос накунед, посбонҳо гузорам, ба шумо осебе нарасад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор