Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Касеро ҷўяд... – паст гуфт модар, ки овозаш меларзид. Оҳиста сурфид, то гулў равшан кунад, ки садояш дупўста набарояд.
– Касеро ҷўяд! – такрор кард модар. Ба гўши ў аз кадом дурие посух омаду аз духтар на. Нигарист ба духтар ва ҷиддӣ пурсид:
— Ба дурустӣ забонат гирифта?
— Гўшҳоям низ кар шуда! – оҳанги ранҷиш ва киноя дошт суханаш. – Наход чашми гардун маро дида? – аз назари озор гуфт Барзин. Дар асл на озор, балки офате буд... Қисмат боз ба пархошгарон дучораш кард. Худро дар тангкўчайи бунбаста пиндорад.
— Носипосие шуда, ҷўяд касеро...
— Маро ҷўяд! – яке бурун ҷаст аз даҳони Барзин.
— Туро ҷўяд? – ҳама чизро аз ёд дода ва даст бар дўши духтар ниҳода, парешонҳол пурсид: – Ту чӣ гуноҳ кардӣ?
— Магар танҳо гунаҳгоронро ҷўяд? Ситораҳо ҳамдигарро ҷўянд, то қирон кунанд...
— Яъне чӣ? – ҳайраташ афзуда пурсид модар.
— Шоҳ хоб дида, ки ситорааш бо ситорае дуруст омада, осмон ва замину замонро равшан карда... Акнун дар бедорӣ ҷўяд он қиронрову ситораро...
— Рост гўйӣ?
— Рост гўям!
— Ва ин кори ҳама шоҳон аст?
— На... Кори шоҳони бохирад. Ситорайи шоҳони бехирад низ қирон кунад. Он қирони наҳс бошад. Ситораҳойи аҳриманӣ чун Баҳрому Зуҳал агар ба ҳам қирон кунанд, аз осмон наҳс борад...
Вале бубин, модар, ки андар ҷабини ин шоҳ ситорайи ҳурмузӣ тоб дорад.
Модар ҳанўз аз ёд надода, ки юнонӣ ҳаст, вале сахт тааҷҷуб карда, ки духтараш ҳанўз Шарқро надида, ҳавас дорад зиндагийи Офтобнаморо, чунон ки Искандар. Бар ояд, ки хуни падарӣ бештар равон аст андар рагҳойи ў. Аз ин рў хубтар сўйи шоҳ дида дўхта, посух дод:
— На, набинам, духтарам... Лекин чишмом гўяд, ки ситорааш гарм аст, нуронӣ... Вале ман аз ту тарс дорам.
— Чаро?
— Чунон кунӣ, ки бо сипаҳсолор кардӣ.
— На, модар... Сипаҳсолор панҷайи хунин дошт, аз чашмонаш низ хун меборид...
— Падари ту низ сипаҳсолор буд, шавҳаронат ҳамчунин. Шояд дар ҳаққи онҳо низ чунин мегуфтанд?
— Бале, модар... Ман чунин андеша доштам. Аз онҳо на зан барака ёбад, на фарзанд, на халқ осудаву на кишвар, – гуфт Барзин ва даст бурд ба сарбанди сиёҳу лахт-лахт, ки на сарро мепўшиду на гарданро. Ва хаёлан назди шоҳ шарм дошт: – Модарам, ин сарандоз мос набувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор