Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Сазад, ки сиёҳ биандозӣ ва сапед бипўшӣ.
Барзин зуд посух надод, хост, ки сиёҳ биандозад ва сапед бипўшад, аммо шарм дошт. Ба назараш носипосӣ хоҳад буд, зеро пос надоштани хотирайи падар ва шавҳар бузургтарин гуноҳ бувад.
— На, модар! Ман падарро ба сад подшоҳ иваз нахоҳам кард,
– зиёд дар мизони ақл баркашида гуфт Барзин ва модар сари ўро ба сари синааш пахш кард.
— Бале, духтарам... Баъд аз Худо падар бошад!
Чун аз хусуси шавҳаронаш Барзин чизе нагуфт, модар низ лаб накушод.
— Бо ҳамин сарпечи бурида наздаш бароям, то донад, ки сипаҳсолораш бо ман чӣ кард.
— На, Барзин! Аз рўйи кину оз қасд ситонидан бузургтарин гуноҳ бувад. Ту, ки аз дудмони паст нестӣ, чаро пастӣ кунӣ? Атойи ўро ба лиқояш бубахш... Некийи сегонайи Ҳурмузӣ машикан.
Вагарна Ҳурмузхудо биранҷад ва сарнавишт шиканад.
— Пас чӣ гўям, замоне ки ў ноҳамвор буридани сарандози маро бипурсад?
— Як порааш ба ман бидеҳ ва бигўй, ки бо модарам ду кардем... Теғ каҷ бурид.
— Гумон дорӣ, ки шоҳ ҳамаро монда, саргири маро пурсад?
— Аҷаб набувад. Шавад, ки одам дар лаҳзаҳойи аввал дасту по хўрад ва ҳар чизи пешомадаро пурсад...
— Шоҳ сўйи гардуна меояд, модар! – гўё модар надида бошад, аз китфи ў ҷунбонда гуфт Барзин.
— Бале, меояд. Вале бинам, ки чизеро кордор набувад. Гузарад чизе напурсида.
— На. Бояд ин ҷо бимонад ва сарнавишт бихонад.
— Чӣ гуна сарнавишт.
— Сарнавишти сарбанди сиёҳ.
Модар пай бурд муроди ўро. Яқин кард, ки сарбанди сарнавиштсозро дар назар дорад ва бехосиятийи онро ишора кунад.
— Пайваста бандам...
— Пора шуд, дигар нахоҳӣ баст...
Ва ҳамин ки шоҳ Искандар ба гардуна наздик мешуд, сипаҳсолорро нафас дар сина танг мегашт. Дастайи шамшер қабза мекард ва баъд ба гирду гўша чашм чаронда, аз кирдораш шарм медошт, то пирафшониашро пай набаранд. Китфонаш болову паст шуданд, лабонаш низ ҷунбиданд, пўсташ дар танаш танг омад, вале надонист чӣ илоҷ бикунад. Тозон рафта шоҳро аз роҳаш гардонад ва ё маслаҳате диҳад, то ў ба гардунайи бону наздик нарафта гузаро шавад, аммо солор кори шоҳ накунад...
Ва шоҳ мў ба мў ба гардуна наздик мешуд, дили сипаҳсолорро гургон нохун мезаданд... ва андаруни гардуна дили духтару модар низ дар бозӣ буд. Ҳеҷ гоҳ дили Барзин чунин натапида буд, то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор